ВидеоҶомеа

ҚАРИБ 200 ҲАЗОР СОМОНӢ… ХУМОРИ НОС БА РОНАНДАИ АВТОБУС ВАЗНИН АФТОД (ВИДЕО)

Блогери тоҷик Қурбон Неъматов дар каналаш дар Ютуб дар бораи зиндагии хеле фақиронаи хонаводаи Назар Назаров, сокини ноҳияи Варзоб ва ронандаи корхонаи “Автобус1” қисса карда, аз мардум барои пардохти қариб 200 ҳазор сомонӣ товоне, ки ба гардани ин ронандаи бечора афтодааст, кумак хост.

Дар видео дида мешавад, ки Назар Назарови 36сола бо падару модари пири барҷомондааш дар як кӯлбаи тангу хароба ба сар мебаранд. Модараш бо гиряву нола нақл кард, ки писараш аз ронандагии автобус ҳар рӯз ҳамагӣ пули 4 ило 5 нон кор мекарду ба хона меовард, вале имрӯз ба гарданаш товоне бор шудааст, ки онҳо дар умри худ чунин пулро ёфтаву пардохта наметавонанд.

Номи Назар Назаров рӯзи 2 апрел баъди он вирди забон шуд, ки ӯро ҳангоми мусофиркашонӣ дар хатсайри №33 сари чанбари фармони автобус хоб бурд ва Назар бо автобусаш дар назди Донишгоҳи тиббӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази пойтахт якбора 7 мошини таксиро пахш кард.

Худи ӯ мегӯяд, рӯзи аввали моҳи Рамазон буд ва ӯи носкаш, ки рӯзадор буд, сахт хумори носаш гирифта буд ва ба ҳамин далел,  лаҳзае ғанабаш бурдааст. Лаҳзае, ки барои ин ронандаи бечора хеле вазнин афтод.

Ба ӯ барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ ҳамчун ҷазо ҷарима ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 1280 то 1920 сомонӣ) таҳдид мекунад. Вале ба ҷуз аз ҷарима бо қарори додгоҳ бояд маблағи зиёни ба 7 такси расондаашро ҳам барқарор кунад. Аз ин 7 мошин сеяш осеби зиёд дидаанд.

Бар асоси санади тартибдодашуда, танҳо барои тармими автобус беш аз 33 ҳазор сомонӣ лозим аст. Якҷо бо мошинҳои такси Назар бояд наздики 200 ҳазор сомонӣ бисупорад.

Дар видео яке аз ронандагони зарардида гуфт, ки ӯ  баъди дидани шароити зиндагии оилаи ронандаи автобус ба хотири моҳи шарифи Рамазон аз баҳри талаби товон гузашт, вале чанд ронандаи дигар, ки аз бонк қарз гирифта, мошини такси харида будаанд, гуфтаанд, зӯрашон барои тармими мошинҳои осебдида намерасад.

Худи Назар бо он зиндагии фақиронае, ки дорад, низ қуввати пардохти пули тармими ин мошинҳоро надорад.

Ба ин далел, аз мардум шудааст, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон ба ин ронандаи автобус барои пардохти пули зарари расондааш дасти кумак дароз кунанд. Онҳое ки мехоҳанд ба Назар Назаров кумак кунанд, метавонанд кумаки худро ба ин ҳисобҳо гузаронанд:

Душанбе Сити 5058 2703 6896 1230

Назар Н

Рақами телефон: +992 918 57 36 46

Сбербанк

4276 1700 1921 1986

Зайнабиби Х

Вақте ин гузориш барои чоп омода мешуд, хабарнигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод, ки роҳбарони ширкати “Олу4a такси” эълон доштааст, ки таксии  дар он садамаи рӯзи 2 апрел зарардидаашро аз ҳисоби худи ширкат таъмиру тармим мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button