АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲОМИИ АСОСИИ ТОЛИБОН ИМРОН ХОН АЗ ҚУДРАТ БАРКАНОР КАРДА ШУД

Cарвазири Покистон Имрон Хон нимашаби 10 апрел, баъди 12 соати баҳсҳо дар парлумон аз тариқи эълони раъйи адами эътимод ё нобоварӣ аз мақом барканор карда шуд.

Имрон Хон яке аз ҳомиёни асосии режими нави Толибон дониста мешуд. Ӯ аз давлатҳои дунё даъват мекард, ки ҳукумати нави сохтаи Толибонро ба расмият бишиносанд. Имрон Хон ба ин мақсад ба пойтахтҳои гуногун сафар мекард ва аз ҷумла моҳи сентябри соли 2021 ҳатто ба Душанбе ҳам омада буд. Имрон Хон баъди бозгашт аз Душанбе гуфт, ба президенти Тоҷикистон ваъда додааст, ки Толибонро ба музокирот бо Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ва ҳам ба ташкили ҳукумати фарогир водор кунад. Вале бо вуҷуди гузашти беш аз ним сол Имрон Хон натавонист ин ваъдаҳои худро иҷро кунад.

Имрон Хон, ситораи собиқи варзиши крикет (чавгонбозӣ), ки соли 2018 ба роҳбарии ҳукумати Покистон расид, ба хотири пешгирӣ аз раъйи адами эътимод ҳатто парлумонро пароканда кард, вале Додгоҳи олии Покистон аз аҳзоби мухолиф пуштибонӣ кард ва тасмими Имрон Хон дар мавриди пароканда кардани парлумонро ғайриқонунӣ номида, бекор кард.

Шаҳбоз Шариф, раҳбари мухолифини Покистон гуфт, ки кишвараш “билохира аз як буҳрони ҷиддӣ раҳо ёфт”. Ӯ дар Твиттер навишт: “Мардуми Покистонро бо субҳи нав табрик мекунам”.

Имрон Хон нахустин сарвазири Покистон аст, ки аз тарифи раъйи адами эътимод канор зада шуд. Аз 342 вакили парлумони Покистон 174 нафараш ба Имрон Хон эълони нобоварӣ карданд. Қарор аст, рӯзи 11 апрел раҳбари нави ҳукумати Покистон интихоб карда шавад. Сарвазири нав бояд ҳукумати Покистонро то замони интихоботи навбатӣ, ки бояд моҳи октябри соли 2023 доир шавад, раҳбарӣ кунад.

Имрон Хон гуфт, ҳукумати нави мухолифинро эътироф нахоҳад кард. Имрон Хон бидуни овардани ягон далел иддао кард, ки вайро дар натиҷаи як тавтиаи таҳти раҳбарии Амрико барканор карданд, чунки ӯ аз Вошингтон дар масоили марбут ба Русия ва Хитой пуштибонӣ накард.  Ӯ пештар ҳам аҳзоби мухолифро ба ҳамкорӣ бо Ғарб айбдор мекард.  Амрико иддаои Имрон Хон ва ҳизби Таҳрики инсофи ӯро дар бораи вуҷуди кадом тавтиа бепоя меномад.

Имрон Хон соли 2018 дар ҳавои шуҳрати замони чавгонбозиаш бо мавҷи гирдиҳамоиҳои пуриздиҳом ва бо шиорҳои мубориза бо коррупсия ду ҳизби қадима ва қавии Покистонро шикаст дода, ба қудрат расид. Ӯ ваъда дода буд, ки даст ба ислоҳот зада, як Покистони нав месозад.

То кунун ягон сарвазир дар Покистон натавонистааст 5 сол муҳлати пешбинишудаашро то охир тай кунад.  Чунин ба назар мерасид, ки Имрон Хон метавонад нахустин чунин роҳбари ҳукумат шавад ва 5 соли тамом курсии худро ҳифз кунад.

Вале омили аслии ба қудрат расидани ӯ дар соли 2018 дар асл пуштибонии ду қувваи дар арсаи сиёсии Покистон хеле пурнуфуз – урду ва ниҳодҳои амниятӣ буд ва инак ӯ ба сабаби танише, ки байни ӯ ва ин ду нирӯи қавӣ ба вуҷуд омадааст, канор зада шуд.

Ҳизби ҳокими Покистон ҳоло ҳизби Таҳрики инсоф ба раҳбарии Имрон Хон аст. Ду ҳизби асосии мухолифини ин кишвар Лигаи мусалмонони Покистон ва ҳизби мардумии Покистонанд.

Покистон бо 227 миллион аҳолиаш панҷумин кишвари аз ҳама пураҳолии дунё ва баъди Индонезия дуюмин кишвари пураҳолии ҷаҳони Ислом ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button