ВидеоҲуқуқи инсон

ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ҲУКМИ ЗИНДОНИ МОДАРИ АБДУРАҲМОН 09-РО МАҲКУМ КАРД

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофу 4 ҳизбу ҳаракати оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ аст,дар як изҳорот 6 сол ҳукми зиндони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери муқими Олмон Шаҳзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон 09-ро “амали комилан ғайриқонунӣ ва хилофи ҳама меъёрҳои ҳуқуқибашарӣ” номида, шадидан маҳкум кард. Паймони миллӣ аз аҳли ҷомиаи Тоҷикистон, бахусус равшанфикрон ва бонувон хост, дар баробари ин қазия сукут ихтиёр накунанд ва нагузоранд, ки “як модари бегуноҳ ба хотири амалҳои фарзандаш муҷозот шавад”.

Оппозитсияи тоҷик ҳамчунин аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла аз ҳомиёни ҳуқуқи занон даъват кард ки “бо ҳар роҳи мумкин барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова талош намоянд ва нагузоранд, ки муҷозоти модарон ба ҷои фарзандон ба як анъана табдил шуда, амали машрӯъ дониста шавад”.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ҳукми зиндони ин зани 45-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро шарҳ надодаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 7 апрел ҳамагӣ баъди чанд соати шурӯи мурофиаи парвандааш, Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Абдураҳмон09-ро бо иттиҳоми ифротгароӣ ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ аз додгоҳ 7 соли зиндон талаб карда буд.  Ифротгароии Маҳмадҷонова, тавре аз маводи парвандааш бармеояд, аз нашри ду шарҳ дар зери видеоҳо дар Ютуб иборат будааст.

Абдураҳмон09, ки чанд сол боз дар Олмон ба сар мебарад ва бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон ном баровардааст,  ҳукми зиндони модарашро “говсуд” номид. Ӯ гуфт, модарашро фақат барои ибрози назар дар Интернет ба 6 соли зиндон маҳкум кардаанд. “Ин чунин маъно дорад, ки ҳар кас фикраш аз назари мақомоти Тоҷикистон фарқ мекунад, экстремист аст?” – гуфт Абдураҳмон 09 ба “Бомдод”.

Дар додгоҳ намояндаи додситонӣ Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кард, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тарафдорӣ карда, дар Ютуб дар зери навори писараш “Абдураҳмон 09” ва ҳам як навори “Ислоҳ+” муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки “худро гунаҳкор ҳисоб мекунад ва аз кардааш пушаймон аст”. Маълум нест, ки ин эътирофро ӯ ихтиёрӣ кардааст ё зери фишор.

Шоҳида Маҳмадҷонова гуфт, моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки ӯро ба хотири хоҳарзодааш “Абдураҳмон 09” аз кор рондаанд. Ӯ дар додгоҳ гуфт, вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай афзуд, дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар харидани либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар Ютуб навишт.

Вакили дифои Шоҳида Муҳаммадҷонова аз додгоҳ хоста буд, ки бо назардошти пушаймон будани зерҳимояти ӯ, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.

Шоҳида Маҳмадҷонова, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард, дар аввали моҳи январи соли 2020 аз кор ронда шуд. Масъулони бемористон он вақт гуфтанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ариза навишта, “бо хоҳиши худаш” аз кор рафтааст. Вале худи ӯ гуфт, қабл аз барканорӣ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуд ва сардухтури бемористон низ рӯирост барояш гуфтааст, ки  бо хоҳиши худаш ариза нависад, зеро  “бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест”.

Дар миёнаҳои моҳи январи соли 2022 кормандони УБОП телефони Шоҳида Маҳмадҷоноваро барои тафтиш гирифтанд ва рӯзи 3 феврал ӯро барои гирифтани телефонаш даъват карда, ба ҳабс гирифтанд. ВКД танҳо баъди як ҳафта боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ кард ва гуфт, ки ӯ бар асоси моддаи 307, иловаи 3 ба ташкили фаъолияти созмони ифротӣ айбдор мешавад.

Таъқиби хешовандони фаъолони оппозитсия ва дигарандешон мавзӯест, ки мақомоти Тоҷикистон барои он пайваста аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешунаванд. Вале мақомот ҷой доштани кадом маъракаи ҳисобшудаи таъқиби хешу табораи мунтақидони ҳукуматро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо дар Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button