Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ЧОРВО АЗ ЗАМИНҲОИ ДЕҲАИ САНҶИДЗОР ВА ҚАЛЛОБИИ СОКИНИ ВАХДАТ

Сокини 35-солаи Конибодом ба он гумонбар мешавад, ки 6-уми апрели соли 2022, аз заминҳои деҳаи Санҷидзор як сар чорвои калони шохдорро дуздидааст.

хххххххххххх

Сокини 33-солаи шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2022 бо роҳи фиреб аз сокини  39-солаи Ваҳдат бо ваъдаи аз ҷавобгарӣ озод кардани бародараш 55 ҳазору 460 сомонӣ гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дуздии чорво аз заминҳои деҳаи Санҷидзор

048

Нисбати марди 35-солаи сокини шаҳри Конибодом парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Ӯ 6-уми апрели соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаи Санҷидзори шаҳри мазкур 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 69-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағ

12

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 55 ҳазору 460 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш бародарашро барои содир намудани ҷиноят аз ҷавобгарӣ озод менамояд, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button