Фарҳанг

ДАРГУЗАШТИ НЕЪМАТ РАҶАБИЁН, ҲАМСАРИ ШОИРИ ШИНОХТА ГУЛРУХСОРИ САФӢ

Неъмат Раҷабиён, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора бо изҳори таслият ба Гулрухсор ва Азиз, фарзанди ягонаи ӯву Неъмат Раҷабиён,  дӯстони шоир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Дар бораи иллати марги ӯ дар хабарҳо чизе гуфта нашудааст.

Неъмат Раҷабиён дар маҳзари ом хеле кам зоҳир мешуд.Ӯ олими шинохтаи маъданшинос буд ва солҳои зиёд дар Пажуҳишгоҳи геология кор кардааст.

Ӯ ва Гулрухсор ҳамагӣ як фарзанд доштанд.

Гулрухсор 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба дунё омада, соли 1968 риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳанӯз дар ҷавониаш бо шеърҳои пурҳарорати худ маҳбубияти зиёдеро дар байни мардум ба даст овард. Гулрухсор дар поёни солҳои 80 роҳбарии Бунёди фарҳанги Тоҷикистонро бар дӯш дошт ва соли 1989 вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Дар поёни соли 1992, ки Тоҷикистон ба ботлоқи ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафт, дар пайи як ҳамлаи силоҳбадастони Фронти халқӣ ба хонааш, Гулрухсор маҷбур шуд, ки тарки Ватан кунад ва чандин сол дар Бишкеку Маскав ба сар бурд.

Аввалин китоби шеъраш бо номи “Бунафша” соли 1970, вақте Гулрухсор ҳамагӣ 22 сол дошт, чоп шуд. Баъдан китобҳои “Хонаи падар”, “Шабдарав”,  Афсонаи кӯҳӣ, Дунёи дил, Оташи Суғд, Оинаи рӯз, Гаҳвораи сабз бо ҳуруфи форсӣ), Сипар (бо ҳуруфи форсӣ), Шабнам, Рӯҳи Бохтар, Қасидаи кӯҳистон, Занони Сабзбаҳор (роман), Тахти сангин, Зодрӯзи дард, Зан ва ҷанг, Девони ишқу ханда, Сад барги ғазал, Ҷовидона, Шӯъла дар санг ва Таронаи Ватан ба дасти хонандагон расид.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба Устод Гулрухсор барои даргузашти ҳамсарашон изҳори ҳамдардии амиқ мекунад ва барояшон аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил металабад. Худованд макони охирати ҳамсарашон Неъмат Раҷабиёнро Ҷаннат гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button