ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗ ДАР ҚАТЛИ ОДАМОН ДАР БУЧА НИЗ ИШТИРОК ДОШТАНД?

Сарраёсати ҷосусии вазорати мудофиаи Украина рӯйхатти афсарону аскарони бригадаи 64-уми савораи тирандози артиши 35-уми Қувваҳои мусаллаҳи Русияро нашр кард. Ин воҳиди низомиро ба даст доштан дар қатли омми мардум дар шаҳри Бучаи вилояти Киев айбдор мекунанд. Дар рӯйхат зодагони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ҳастанд. Яке аз фармондеҳони ин бригада подполковник Омурбеков Азатбек Асанбекович низ аз Осиёи Марказист. Бино ба бархе манобеъ, ӯ аз Қирғизистон, бино ба манобеи дигар аз ҷумҳурии Қароқалпоқистони Ӯзбекистон аст.

Кишварҳои Ғарб қатли мардум дар Бучаро ҷинояти ҷангӣ ва президенти Украина “наслкушӣ” (генотсид) номидаанд. Бо вуҷуди нашри аксу видеоҳои зиёд аз Буча, мақомоти Русия даст доштани ҳарбиёни худро дар қатли мардум рад карда, даъвои ҷониби Украинаро иғво меноманд.

Ин шаҳри воқеъ дар виляти Киевро шоми 1 апрел аз дасти нирӯҳои Русия пас гирифтанд ва онҷо беш аз 400 ҷасади сокинони кушташударо пайдо карданд. Бархе аз ҷасадҳоро дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дар ҷангалҳо зери хок карда буданд ва бархе ҷасадҳоро дар кӯча ва ҳамчунин дар таҳхонаи як истироҳатгоҳе, ки нирӯҳои Русия ҳангоми ишғоли Буча ба қароргоҳи худ табдил дода буданд, партофта буданд. Таҳхонаи ин истироҳатгоҳ, ба гуфтаи мақомҳои низомии Украина, ба қатлгоҳ табдил дода шуда буд.

Дар рӯйхатти нашршудаи афсарону аскарони бригадаи 64-ум ному насабҳои “осиёмиёнагӣ” хеле зиёданд. Аз байни онҳо идораи “Бомдод” дастикам 6 зодаи Тоҷикистонро тавонист мушаххас кунад:

  1. Абдураҳимов Зариф Абдуҷаборович, санаи таваллудаш 16.4.1990, сержанти хурд
  2. Юсупов Раҳимҷон Бахтиёрович, санаи таваллудаш 16.10.1994, сержанти хурд
  3. Шарифов Дилшод Собирович,  санаи таваллудаш 04.11.1991, сержант
  4. Давлатов Авазҷон Бобишоевич, санаи таваллудаш 13.5.1986, сержанти хурд
  5. Азимов Сайвалӣ Эмомназарович, санаи таваллудаш 26.6.1988, сержанти калон
  6. Мӯсоев Фарҳод Абдуманнонович, санаи таваллудаш 11.08.1997, сарбози қаторӣ.

Аз инҳо Азимов Сайвалӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фарҳод Мӯсоев аз Душанбе будаанд.

Мақомоти Украина дигар маълумоти марбут ба ин сарбозон, аз ҷумла рақамҳои сарбозӣ ва суроғаи зисташон дар кишвари Хабаровск, қароргоҳи аслии бригадаи 64-умро низ нашр кардаанд.

Дар рӯйхат ному насабҳои “осиёмиёнагӣ” хеле зиёданд, вале мушахххасан аз кадом кишвари минтақа: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ё Қирғизистон будани бақияро ҳанӯз мушаххас накардаем.  

Чанде аз ин номҳоро инҷо меорем:

  1. Бобоев Эмомалӣ Тағаймуродович,
  2. Яқубов Холмурод Файзуллоевич,
  3. Ғоибов Саидилҳом Саидҷаборович,
  4. Ҳайдаров Мӯсохон Астанақулович,
  5. Латипов Шариф Бозоралиевич,
  6. Қурбонов Файзулло Мӯсохонович
  7. Мадаминов Муслим Мазоирович,
  8. Файзов Ҳақназар Имомназарович,
  9. Акбаров Саидмуҳамад Бегалиевич,
  10. Қурбонов Сайфулло Мингпулодович,
  11. Юсупов Бахтиёр Тилохонович…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button