ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

АЗ “САРОЙИ САНГ” ТО “КИШТИИ НӮҲ”. НАШРИ РӮЙХАТТИ АСАРҲОИ ДОВТАЛАБИ ҶОИЗАИ РӮДАКӢ

Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ рӯйхатти асарҳоеро, ки барои дарёфти ин ҷоиза дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 роҳ ёфтанд,  нашр кард.

Дар бахши адабиёт романҳои «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа ва «Киштии Нӯҳ»-и Юнус Юсуфӣ, ки аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ дода шуданд.

Намоишномаи «Пайкари миллат»-и Давлаталӣ Убайдуллозода ба бахши театр ва синамои озмун роҳ ёфт. Намоишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст.

Бо пешниҳоди Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ»-и Амирбек Мӯсозода дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба озмун роҳ дода шуд.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ силсилаи асарҳои тасвирии «Президент – кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома»-и Олим Рабизода, ки аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ ёфтанд.

Китоби «Як каф гандум»-и Азизи Азиз бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон иштирок менамояд.

Дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ тарҷумаҳои Одил Икром – «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол ба озмун роҳ дода шуданд. Тарҷумаи ин асарҳо   аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Узбекистон пешниҳод гардид.

Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мӯътабартарин ҷоиза дар Тоҷикистон аст, ки дар соҳаи адабиёту ҳунар ва меъморӣ дода мешавад. Мунтақидон мегӯянд, солҳои охир эътибори ин ҷоиза хеле пойин рафт, чунки асарҳои беарзиши зиёде ҳам ба он лоиқ дониста шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button