ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

163 СОМОНӢ БАРОИ 1000 РУБЛ. ҚУРБИ РУБЛИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ЯКБОРА 9% БОЛО РАФТ

Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли Русияро барои муомилаҳои рӯзи 8 апрел дар ҳадди 163 сомонию 40 дирам барои 1000 рубл муқаррар кардааст.  Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар соли ҷорӣ ба шумор меравад. Як рӯз қабл қурби расмии 1000 рубли Русия 150 сомонию 60 дирам буд. Дар айни замон, дар ҳоле ки қурби рубл дар як рӯзи охир 9% боло рафт, қурби доллару евро нисбат ба сомонӣ бетағйир – мутаносибан 12 сомонию 50 дирам барои як доллар ва 13 сомонию 65 дирам барои як евро – боқӣ мондааст.

Вале дар бонкҳо ва дар бозори сиёҳ нархи рубл каме пойинтар аз қурби расмии Бонки миллист. “Ориёнбонк” ва  “Эсхата” 1000 рублро бо қимати 145 сомонӣ иваз мекунанд. Вале ”Ҳумо” алакай қурби харидашро  то ҳадди 156 сомонӣ барои 1000 рубл  боло бурдааст.

Рубл, ҳамин тавр, бори аввал аз замони оғози ҷанги Русия бо Украина тавонист қурбаш дар муқобили доллари Амрикоро то ҳадди то рӯзи 24 феврал барқарор кунад. Рӯзи 8 апрел дар биржа як доллар бо қимати 79 рубл фурӯхта мешуд. Баъди шурӯи ҷанги Украина қурби доллар як муддат то ҳадди 155 рубл боло рафта буд.

Иқтисоддонҳо болоравии қурби рублро фурсати хубе барои муҳоҷирони тоҷик барои табдили пасандозҳои рублиашон ба асъори дигар мешуморанд. Тайи чандин ҳафта ба сабаби хеле пойин рафтани қурби рубл муҳоҷирони тоҷик ва наздикони онҳо дар Тоҷикистон аз табдили пулҳои худ ҳаддалимкон худдорӣ мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки баъди оғози ҳамлаи Русия ба  то ба ҳадди ҳадди 80-90 сомонӣ  барои 1000 рубл афтода буд. Вале аз поёни моҳи март қурби рубл дигарбора рӯ ба боло овард.

Ҷаҳиши қурби рубл замоне шурӯъ шуд, ки президенти Русия Владимир Путин амр дод, то гази Русияро ба кишварҳои “нодӯст” (асосан ба Аврупо) бо рубл бифурӯшанд. Кишварҳои Аврупо ин тақозоро рад карда истодаанд, вале изҳороти Путин тавонист қомати рублро хеле рост кунад ва қурби доллару евроро баракс пойин бубарад.

Доллари Амрико, ки дар Тоҷикистон суннатан як асъори аз ҳама қобили эътимод ба шумор мерафт, рӯзҳои охир баракси рубл давраи пурчолишеро паси сар карда истодааст.

Бар асоси мушоҳидаҳо, овозаҳо дар бораи эҳтимоли хеле пойин рафтани қурби доллар боис шудааст, ки сокинони Тоҷикистон талош доранд, то пасандозҳои худ бо долларро бо ҳар роҳе ба фурӯш бизананд ва аз пули амрикоӣ халос шаванд. Сокинон мегӯянд, агар пеш корафтодаҳо дар ба дари бонкҳо доллар мекофтанд, ҳоло бонкҳо аз қабули доллар сарпечӣ мекунанд.

Ин ҳолати таҳлука боиси уфти қурби доллар дар бозор гардид ва ҳатто Бонки миллии Тоҷикистон ҳам маҷбур шуд, ки қурби расмии долларро аз 13 сомонӣ то 12 сомонию 50 дирам барои як доллар пойин биорад.

Вале қурби доллар дар бонкҳо хеле пойинтар аз ин қурби расмист. “Эсхата” нархи хариди долларро 12 сомонию 20 дирам ва фурӯшашро 12 сомонию 40 дирам муқаррар карда, “Ҳумо” ҳоло як долларро бо нархи ҳамагӣ 12 сомонӣ мехарад ва 12 сомонию 50 дирам мефурӯшад.   “Ориёнбонк” бошад як долларро бо нархи 12 сомонию 20 дирам мехарад ва 12 сомонию 50 дирам мефурӯшад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button