ТАЛАБИ 7 СОЛИ ЗИНДОН БА МОДАРИ АБДУРАҲМОН09 БАРОИ ДУ ШАРҲ ДАР ЮТУБ
Рӯзи 7 апрел дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Абдураҳмон09 оғоз ёфт. Ва алакай дар рӯзи якуми мурофиаи айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ аз додгоҳ 7 соли зиндон талаб кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ, ки хабарнигораш дар мурофиа тавонистааст иштирок кунад, хабар дод.
Гуфта мешавад, ки намояндаи додситонӣ дар мурофиа Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кард, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тарафдорӣ карда, дар Ютуб дар зери навори писараш “Абдураҳмон 09” ва ҳам як навори “Ислоҳ+” муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.
Тибқи иттилои дарёфтии Озодӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова гӯё баъди моҳи майи соли 2021 ду бор дар Ютуб шарҳҳои танқидӣ навиштаас. Аз ҷумла, як шарҳи ӯ дар рӯзи президент навишта шуда, ӯ гӯё нисбат ба раҳбарияти олии кишвар ҳарфҳои таҳқиромез гуфтааст.
Шоҳида Маҳмадҷонова дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки “худро гунаҳкор ҳисоб мекунад ва аз кардааш пушаймон аст”. Маълум нест, ки ин эътирофро ӯ ихтиёрӣ кардааст ё зери фишор.
Шоҳида Маҳмадҷонова гуфт, моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки ӯро ба хотири хоҳарзодааш “Абдураҳмон 09” аз кор рондаанд. Ӯ дар додгоҳ гуфт, вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай афзуд, дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар харидани либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар Ютуб навишт.
Вакили дифои Шоҳида Муҳаммадҷонова аз додгоҳ хост, ки бо назардошти пушаймон будани зерҳимояти ӯ, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.
Додрас баъди шунидани назари тарафҳо барои таҳияи ҳукм ба хонаи машваратӣ рафтааст.
Блогер Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон09, ки чанд сол боз дар Олмон ба сар мебарад ва бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон ном баровардааст, парвандаи модарашро бо фаъолиятҳои худ рабт медиҳад ва мегӯяд, барояш гуфтаанд, ки агар ӯ қатъи фаъолияти блогерӣ кунад ва ба Тоҷикистон баргардад, модарашро раҳо хоҳанд кард.
Шоҳида Маҳмадҷонова, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард, дар аввали моҳи январи соли 2020 аз кор ронда шуд. Масъулони бемористон он вақт гуфтанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ариза навишта, “бо хоҳиши худаш” аз кор рафтааст. Вале худи ӯ гуфт, қабл аз барканорӣ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуд ва сардухтури бемористон низ рӯирост барояш гуфтааст, ки бо хоҳиши худаш ариза нависад, зеро “бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест”.
Дар миёнаҳои моҳи январи соли 2022 кормандони УБОП телефони Шоҳида Маҳмадҷоноваро барои тафтиш гирифтанд ва рӯзи 3 феврал ӯро барои гирифтани телефонаш даъват карда, ба ҳабс гирифтанд. ВКД танҳо баъди як ҳафта боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ кард ва гуфт: “Нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”. ВКД ҳамчунин гуфта буд, “фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.”
Таъқиби хешовандони фаъолони оппозитсия ва дигарандешон мавзӯест, ки мақомоти Тоҷикистон барои он пайваста аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешунаванд. Вале мақомот ҷой доштани кадом маъракаи ҳисобшудаи таъқиби хешу табораи мунтақидони ҳукуматро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо дар Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ доранд.

