ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ХАРИДИ ҶАВОҲИРОТ БО ДОЛЛАРУ ЕВРОҲОИ ҚАЛБАКӢ ВА ҒОРАТИ ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК ЗАН

Сокини 33-солаи пойтахт ба  он гумонбар мешавад, ки рӯзи 4 феврал дар бозори шаҳри Бохтар аз як тиллофурӯш як гарданбанд ва як дастмонаи тиллоиро ба маблағи 82 ҳазору 250 сомонӣ нархгузорӣ карда, ба соҳиби бор 7 ҳазор доллари қалбакӣ ва 1900 еврои қалбакӣ додааст.

ххххххххххххх

Сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиён ба он гумонбар  мешавад, ки рӯзи 5 март, соати 14:00 бо роҳи ошкоро ба хонаи зани 51-солаи сокини пойтахт даромада,  ҳамёни ӯро, ки дар дарунаш 73 ҳазор сомонӣ ва телефони мобилӣ буд, кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Пешгирии ба муомилот баровардани коғази қимматноки қалбакӣ

15

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 33-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғази қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 4-уми феврали соли 2022 дар бозори шаҳри Бохтар аз марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки ба хариду фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ машғул мебошад, 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад дастмонаи тиллоиро ба маблағи 82 ҳазору 250 сомонӣ нархгузорӣ карда, онҳоро гирифта, бар ивазаш 70-адад купюраи 100 доллара, ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 38-адад купюраи 50-евро, ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 900 еврои қалбакӣ дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи коршиносон купюраҳои мазкур бо тарзи дастгоҳи чопии ранга бо истифода аз техникаи компютерӣ сохта шудаанд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Аз худ намудани маблағи калон бо роҳи ғоратгарӣ

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе марди 30-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 5-уми марти соли 2022, тахминан соати 14:00 бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматии зани 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 1-адад ҳамён, ки дар дохилаш 73 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилӣ будааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button