ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ДОМОДУ ДУХТАРИ НАЗАРБОЕВ ДАР ЯК СОЛ ДУ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ПУЛ КОР КАРДААНД

Динора ва Тимур Қулибоевҳо, духтар ва домоди президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як сол сарвати худро ба маблағи 2 миллиард доллари дигар афзоиш додаанд.  Маҷаллаи амрикоии Forbes  ҳаҷми дороиҳои Қулибоевҳоро 7,6 миллиард доллар баровард карда, онҳоро дар байни 2668 миллиардери дунё дар мақоми 778-ум гузоштааст.

Динораи 54-сола ва шавҳари 55-солаи ӯ Тимур Қулибоев моликони ширкати “Алмэк” мебошанд, ки “Халиқ банк”, бузургтарин бонки тиҷоратии Қазоқистон ба он тааллуқ дорад. Ин хонавода ҳамчунин молики ширкатҳоест, ки марказҳои бузурги тиҷоративу фароғатиро дар шаҳрҳои бузури Қазоқистон дар даст дорад.

Фурудгоҳи АлмаАто низ аз Қулибоев буд, вале ӯ онро соли гузашта ба як ҳолдинги Туркия фурӯхт. Расонаҳо навиштанд, ки маблағи ин қарордод 365 миллион долларро ташкил додааст.

Баъди эътирозҳои хунини моҳи январ дар Қазоқистон, ки дастикам 238 кушта ба ҷо гузошт, дороиҳои Қулибоевҳо асосан аз ҳисоби поён рафтани нархи саҳмияҳои “Халиқ Банк”  беш аз як миллиард доллар кам шуд ва то ҳадди 6,2 миллиард доллар фаромад,  вале онҳо тавонистанд, ки  хеле зуд дороиҳои худро барқарор ва ҳатто афзун кунанд.

Дар пайи эътирозҳои моҳи январ, ки онро бисёре аз нозирон ҳамчун мубориза барои қудрат  ва қаламрави нуфуз байни атрофиёни Назарбоев ва одамони президенти кунунӣ Қосим -Жомарт Тоқаев маънидод мекунанд, боиси коҳиши башиддати нуфузи то соли ҷорӣ беҳудуди клани Назарбоев шуд. Аз ҷумла ҳарсе домоди Нурсултон Назарбоевро аз мақомҳояшон барканор карданд ва Тимур Қулибоев, домади аз ҳама сарватманд ва пурнуфузи Назарбоев низ аз мақоми раҳбари Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон «Атамекен» истеъфо дод. Вале ӯ мақоми роҳбари Иттиҳодияи корхонаҳои соҳаи энергетикаи Қазоқистон KAZENERGY боқӣ монд. Қулибоев ва ҳамсараш, тавре ба назар мерасад, мавқеъҳояшон дар арсаи бизнеси Қазоқистонро низ то ҳол ҳифз кардаанд.

Тимур Қулибоев 16 сентябри соли 1966 дар АлмаАто ба дунё омада, соли 1988 риштаи нақшагирии хоҷагии халқи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст.

Ҳамсари  Динора дар маҳзари ом кам зоҳир мешавад ва бештари вақт дар хориҷи Қазоқистон ба сар мебарад. Ӯ соҳиби ду қасри бошукӯҳ дар соҳили кӯли Женева, аз ҷумла қасри машҳури  таърихии Белрив мебошад.

Ахиран хабарнигорони  Deutsche Welle боз чанд молумулки Қулибоевҳоро ба маблағи 100 миллион евро дар Олмон пайдо карданд.  Ин хонавода ҳамин тавр, дар чандин кишвари дигари Аврупо низ молу мулки зиёд харидааст.

Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1989 дар тӯли 30 сол роҳбарии Қазоқистонро дар даст дошт, соли 2019 аз мақоми президентӣ канор рафт, вале то соли 2022 дасти дарозаш дар арши сиёсии кишварашро ҳифз карда буд.

Дар умум ба рӯйхатти Форбс 5 миллиардер аз Қазоқистон роҳ ёфтаанд. Одами аз ҳама бойтарини Қазоқистон, ба ҳисоби ин маҷалла, Владимир Ким бо  5 миллиард доллар дороист. Ин маҷалла дороиҳои Булат Утемуратовро 2,8 миллиард,  аз Вячеслав Кимро 2 миллиард, аз Михаил Ломтадзеро 1,9 миллиард ва аз Тимур Турловро 2,4 миллиард доллар баровард кардааст.

Ҷамъи дороиҳои миллиардерҳои қазоқ 21,7 миллиард доллар будааст.

Аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ касе ба рӯйхатти Форбс роҳ наёфтааст. Алишер Усмонов ва Искандар Маҳмудов, ду миллиардери машҳур зодаи Ӯзбекистонанд, вале азбаски тиҷорати онҳо асосан бо Русия рабт дорад, онҳо ҳамчун миллиардерҳои рус мегузаранд.

Манбаъ:  https://rus.azattyq.org/a/kulibayevs-kim-forbes-worlds-billionaires-list/31788408.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button