ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МАРЗБОНҲОИ ӮЗБЕК ДУ ШАҲРВАНДИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ПАРРОНДАНД

Рӯзи 5 апрели соли 2022  дар марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифта, марзбонони ӯзбек ду сокини Қирғизистонро паррондаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, бино ба маълумоти аввалия, чанд шаҳрванди Қирғизистон дар наздикии дешҳаи Дейреси ноҳияи Оқсии вилояти Ҷалолобод бо аспзо мехостанд ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон борҳои қочоқиро гузаронанд.

Марзбонони ӯзбек онҳоро дар 500-метрии марз дида, амр додаанд, ки биистанд, вале қочоқбарон итоат накардаанд. Дар натиҷа,  ҳангоми боздошти ин сокинони Қирғизистон байни онҳо ва марзбонони ӯзбек занозанӣ сар задааст ва марзбонҳо бо мақсади ҳимоят аз худ тир кушодаанд. Дар натиҷа ду шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳатҳои марговар бардошта, ба ҳалокат расидаанд. Қочоқбарони боқимонда тавонистаанд ба ҳудуди Қирғизистон фирор кунанд.

Марзбонони Ӯзбекистон гуфтаанд, ки ин қочоқбарон мехостанд ба маблағи 20 ҳазор доллари Амрико молу маҳсулоти гуногунро аз марз қочоқӣ гузаронанд.

Шоми 5 апрел, соати 17.55 намояндагони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистону Ӯзбекистон ба ҷои ҳодиса рафтанд, то ин қазияро таҳқиқ кунанд. Ҷониби Ӯзбекистон гуфтааст, ки ҷасадҳои ду сокини кушташударо Қирғизистонро барои гӯручӯб бармегардонад.

Гуфта мешавад, ки онҳо дар асл зодагони Ӯзбекистон буда, соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст овардаанд, вале шиносномаҳои ӯзбекиашонро низ ҳифз карда будаанд.

Ин нахустин тирпарронии марговар дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбекистон дар соли ҷорист.

Аммо дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон имсол алакай чанд задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ду сокини Исфара ва як марзбони тоҷик кушта шуда, беш аз 20 нафар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Баҳори соли 2021 дар задухӯрдҳои сангин дар  марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва ҳудуди 240 тани дигар захмӣ шуданд.  Ин пурқурбонитарин задухӯрд дар марзҳои Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button