ВидеоМуҳоҷирон

ҶАВОНИ 19-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ АЗ ҚАБАТИ ШАШУМ БА ЗАМИН АФТОДА ҶОН БОХТ

Шоми 4 апрел дар як сохтмон дар кӯчаи Фарфоровская ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳодисаи нохуш рӯй додааст. Дар инҷо дар майдони сохтмон ҷасади як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро пайдо карданд. Муайян карда шудааст, ки ин ҷавон ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ аз қабати шашуми сохтмони бино ба замин афтода, ҷон додааст.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, ин муҳоҷири тоҷик 30 марти соли 2021 ба Руси омада, дар ширкати сохтмонии АСК “Инвест” ҳамчун арматурбанд кор мекард. Исми ҷавони ҳалокшуда нашр нашудааст.

Дар бораи ин ҳодисаи нохуш ба пулис корманди “Ёрии таъҷилӣ”, ки ба ҷои ҳодиса даъват шуда буд, хабар додааст. Баъди ин кормандони пулис низ ба ҷои ҳодиса омада, ба таҳқиқи он сар кардаанд. Дар робита ба марги муҳоҷири тоҷик бар асоси моддаи “вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ, ки сабаби марги инсон шудааст” парванда кушодаанд.

Ҳарсол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии оилаҳои худ ба Русия мераванд. Ва ҳар сол ҳудуди 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Фалокатҳо дар ҷои кор ва дар макони зист аз сабабҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button