ҲАЛОКАТИ РОНАНДА ДАР НАТИҶАИ БАРХӮРДИ ДУ “МЕРСЕДЕС” ДАР ДАНҒАРА
ВКД Тоҷикистон боз аз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин вазорат, субҳи барвақти 5-уми апрели соли 2022, тахминан соати 06:30, ронандаи мошини боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс-911», Одинаев Пӯлодҷон Холиқович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-9060К”, ки таҳти идораи ронанда, Насриддинов Нозимҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Фархор, қарор доштааст, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Мерседес-Бенс-911», Одинаев П.Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Аз аввали моҳи апрел ин алакай сеюмин садамаи марговар аст, ки ВКД хабар медиҳад.
Қаблан гузориш шуда буд, ки субҳи 4-уми апрели соли 2022, тахминан соати 08:20, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Саидов Хуҷандӣ Саидмуродович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Файзобод-Роғун”, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири ин мошин Саидов Ҳабибулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Чаманзори шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 2-юми апрели соли 2022, тахминан соати 12:00, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Атеко», Ҳасанов Олимҷон Домуллоевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мирзоев Меҳроҷ Абдушукурович, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Мутаассифона, ноболиғ Мирзоев М.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.