ДУЗДИИ ТАҶҲИЗОТИ СОХТМОНӢ ДАР КӮШОНИЁН ВА ДАСТ БА ҚАЛЛОБӢ ЗАДАНИ СОКИНИ ХУҶАНД
Сокини 23-солаи ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки шаби 23 ба 24-уми март аз хонаи як сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти сохтмониро дуздидааст.
хххххххххххх
Сокини 48-солаи шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки соли 2016 бо роҳи фиреб аз сокини 63-солаи Хуҷанд барои тиҷорат 5 ҳазор доллар гирифтаааст, то ҳол барнагардонидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 6 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Даст ба дуздӣ задани ҷавони 23-сола
Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми марти соли 2021 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили анборхонааш якчанд таҷҳизоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди қаллоб
Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур оғоз карда шудааст.
Номбурда, соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии марди 63-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ барои тиҷорат 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.