ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО ЯКУНИМ МИЛЛИОН РУБЛ ДАР ФУРУДГОҲИ СУРГУТ (2 АКС)

Дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия кормандони гумрук аз бағочи дастии як мусофире, ки ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, 1 миллиону 585 ҳазор рубл пули нақд пайдо кардаанд.

Гуруҳи матбуотии гумруки вилояти Тюмен  рӯзи 6 апрел хабар дод, ки ин мусофир дар хатсайри Сургут –Хуҷанд сабти ном карда, тавассути “роҳрави сабз” ба самти толори парвоз раҳсипор буд, ки ӯро кормандони гумрук манъ карданд.

Игор Галузин, сардори посгоҳи гумрукии Сургут гуфт: “Дар ҷараёни пурсиши даҳонӣ маълум шуд, ки ӯ бо худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 10 ҳазор доллари Амрикоро бурда истодааст. Ҳангоми боздошт, тибқи қурби Бонки Русия, 745 ҳазор рубл аз пулҳои бо худ доштаи ин муосфир аз меъёри барои бурдани пул иҷозатдодашуда бештар буд”.

Дар пайи анҷоми назорати гумрукӣ, 840 ҳазор рубл, яъне маблағи баробари 10 ҳазор доллари Амрикоро ба ин мусофир баргардондаанд, вале 745 ҳазор пули аз меъёр зиёдатиашро мусодира кардаанд. Дар робита ба ин ҳолат бар асоси моддаи 16,4 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ин парванда алакай ба додгоҳ супурда шудааст.

Моддаи 16,4 барои бидуни эъломия аз марзи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) берун бурдани маблағи аз меъёр бештар ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 50% то ду баробари маблағи ёфтшуда ваё мусодираи ин маблағи ёфтшударо пешбинӣ мекунад.

Ҳукумати Русия дар пайи эъмоли таҳримҳои сангини байнмалмилалӣ баъди ҳамлаи нирӯҳояш ба Украина интиқоли пул ба хориҷи ин кишварро таҳти назорати шадид гирифта, хеле маҳдуд кардааст. Ҳоло ба берун аз Русия баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор долларро манъ кардаанд.

Ба ин далел, аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунем, ки ҳангоми аз Русия баровардани пулҳои коркардаашон хеле эҳтиёт кунад, то пулҳои бо азоб бадастовардаашон мусодира нашавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button