ҲАЛОКАТИ МУСОФИР ДАР НАТИҶАИ БА ДАРАХТ БАРХӮРДАНИ “МЕРСЕДЕС”

ВКД Тоҷикистон боз аз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои ин вазорат, субҳи 4-уми апрели соли 2022, тахминан соати 08:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Саидов Хуҷандӣ Саидмуродович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Файзобод-Роғун”, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Саидов Ҳабибулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Чаманзори шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
ВКД қаблан хабар дод, ки рӯзи 2-юми апрели соли 2022, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Атеко», Ҳасанов Олимҷон Домуллоевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мирзоев Меҳроҷ Абдушукурович, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Мутаассифона, ноболиғ Мирзоев М.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.