ВарзишВидео

ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР АНТАЛИЯ МЕДАЛИ БИРИНҶӢ БА ДАСТ ОВАРД

Аз 8 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи  “Тоскӯлоҳи бузурги Анталия 2022” (“Antalya Grand Slam 2022”)  оид ба гуштини дзюдо танҳо Темур Раҳимов медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда, бар Григорий Приор аз Амрико ва Магамедумар Магамедумаров аз Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз мағлуб гардид. Темур Раҳимов сипас дар қувваозмоиҳои тасаллобахш Ушангӣ Кокаури, паҳлавони гурҷиасл аз Озарбойҷон ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Жозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.
Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои ҳафтумро гирифт. Комроншоҳ низ, ки дар даври аввал озод буд, дар ду даври баъдӣ бар паҳлавонон аз Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чехия (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар чорякфинал аз Лука Майсурадзе аз  Гурҷистон ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Луис Крибер Гагнон аз Канада шикаст хӯрд.
6 паҳлавони дигар аз Тоҷикистон, мутаассифона, алакай дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат кард: Меҳрзод СӮФИЕВ (-60кг), Абубакр ШЕРОВ (-66кг), Шаҳбоз САИДАБРОРОВ (-66кг), Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг), Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (-90кг), Абубкри АКОБИР (-100кг), Темур РАҲИМОВ (+100кг).
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалҳо бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.
Ин панҷум медали Темур Раҳимов дар мусобиқоти байналмилалии гуштини дзюдо мебошад. Ӯ соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли 2021 дар Гранд Слами Боку медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Дабӣ медали биринҷӣ, соли 2022 дар Гранд Слами Тел Авив медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, Темур Раҳимов дар чемпионати Осиё/Уқёнусия дар соли 2019 сазовори медали нуқра ва соли 2021 соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button