“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМРО БА ДЕҲЛӢ БАРҚАРОР МЕКУНАД
Хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 4 апрел хабар дод, ки “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе аз сар мегирад. Тавре интизор меравад, аз санаи 9-уми апрел парвозҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе – соати 21:30, аз Деҳлӣ – 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Мусофирони пурра ваксинатсияшуда ҳангоми бақайдгирии чипта метавонанд, танҳо сертификати ваксинатсияи пурраро бо забони англисӣ пешниҳод намоянд. Нафароне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирусро нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд. Илова бар ин, мусофирони ба Деҳлӣ сафардошта бояд худро дар сомонаи Air Suvidha https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration сабти ном кунанд.
Мусофирони ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба мӯҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро за сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст.