ВидеоҲуқуқи инсон

ПАРВАНДАИ МОДАРИ АБДУРАҲМОН09 БА ДОДГОҲ СУПУРДА ШУД. ИТТИҲОМ: ҲАМКОРӢ БО “ГУРУҲИ 24”

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон09, ба анҷом расида, ин парванда алакай ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе супурда шудааст.

Радиои Озодӣ хабар дод, ки эҳтимол меравад, нахустин мурофиаи парвандаи модари Абдураҳмон09 алакай рӯзи 7 апрел доир шавад.

Мақомот дар ин бора расман шарҳе надодаанд, вале Озодӣ бо такя ба манобеи огоҳ аз ин парванда хабар дод, ки Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҷараёни тафтишот иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷистон мамнӯи “Гуруҳи 24”-ро эътироф кардааст. Қаблан наздикони Маҳмадҷонова ва ҳамчунин масъулони “Гуруҳи 24” ин иттиҳомро рад карда буданд.

Абдураҳмон09 бошад боздошти модарашро ба фаъолиятҳои худ рабт дод ва гуфт, бо ин роҳ мехоҳанд, ки ӯ аз нашри видеоҳои интиқодӣ дар бораи ҳукумати Тоҷикистон даст бардорад. Абдураҳмон09, ки чанд сол боз дар Олмон ба сар мебарад, бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон ном баровардааст.

Гуфта мешавад, мақомот далелҳои ҳамкории Шоҳида Маҳмадҷонова бо “Гуруҳи 24”-ро гӯё аз телефони ӯ пайдо кардаанд.

 Дар миёнаҳои моҳи январ кормандони УБОП телефони Шоҳида Маҳмадҷоноваро барои тафтиш гирифтанд ва рӯзи 3 феврал ӯро барои гирифтани телефонаш даъват карда, ба ҳабс гирифтанд. ВКД танҳо баъди як ҳафта боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ кард ва гуфт: “Нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”. ВКД  ҳамчунин гуфта буд, “фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.”
Ба модари Абдураҳмон09 акнун барои ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.  Вале писари ӯ қаблан гуфт, гӯё мақомот ваъда додаанд, ки агар ӯ қатъи фаъолияти блогерӣ кунад ва ба Тоҷикистон баргардад, модарашро раҳо хоҳанд кард.

Шоҳида Маҳмадҷонова,  санаи таваллудаш 15 апрели соли 1977, ки дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард, дар аввали моҳи январи соли 2020 аз кор ронда шуд. Масъулони бемористон он вақт гуфтанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ариза навишта, “бо хоҳиши худаш” аз кор рафтааст. Вале худи ӯ гуфт, қабл аз барканорӣ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуд ва сардухтури бемористон низ рӯирост барояш гуфтааст, ки  бо хоҳиши худаш ариза нависад, зеро  “бачаатон муқобили ҳукумат гап задааст. Чунин қонун аст, ки дар корхонаи давлатӣ кор кардани шумо мумкин нест”.

Таъқиби хешовандони фаъолони оппозитсия ва дигарандешон мавзӯест, ки мақомоти Тоҷикистон барои он пайваста аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешунаванд. Вале мақомот ҷой доштани кадом маъракаи ҳисобшудаи таъқиби хешу табораи мунтақидони ҳукуматро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо дар Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button