ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАКИ ПАНҶСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС” ВА БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ДУЗДӢ

Рӯзи 2 апрел, тахминан соати 12:00, як кӯдаки панҷсола дар ҳудуди ноҳияи Варзоб  дар зери чархи мошини “Мерседес-Атеко” монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххх

Як зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе  ба он гумонбар мешавад, ки шаби 31 март аз манзили як зани 43-солаи сокини пойтахт 15 ҳазор рубли русӣ ва гарданбанди тиллоии арзишаш 5 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ноболиғи 5-сола бар асари садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

2-юми апрели соли 2022, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Атеко», Ҳасанов Олимҷон Домуллоевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мирзоев Меҳроҷ Абдушукурович, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Мутаассифона, ноболиғ Мирзоев М.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани зани 36-сола

000

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 31-уми марти соли 2022, тахминан соати 08:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиашон даромада, аз он ҷо 15 ҳазор рубли русӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button