ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ СЕ РАИСИ КАЛОНИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи ҷумъа, 1 апрел, кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дар бинои ҳукумати ноҳияи Спитамен се мансабдори баландпояи ин ноҳияро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи бузург дастгир кардаанд.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, кормандони Агентии ҷумҳуриявӣ муовини раиси ноҳияи Спитамен Султони Маъмур, мудири шуъбаи умумӣ, муроҷиатҳо ва назорати дастгоҳи раиси  ноҳия  Муқим Раҷабов ва раиси ҷамоати ба номи Турсунбой Улҷабоев Далер Исобоевро дастгир карда, ба дари утоқҳои кории Султони Маъмур ва Муқим Раҷабов муҳр задаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин се мансабдори баландпоя ва пурнуфузи ноҳияи Спитамен аз як шаҳрванд дар ивази тағйир додани самти истифодаи як қитъаи замин 100 ҳазор сомонӣ талаб карда, як қисми ин маблағро пешакӣ гирифтаанд ва рӯзи 1 апрел ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда аз ин шаҳрванд дастгир карда шудаанд. Ин маблағ аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шудааст. Гуфта мешавад, шаҳрванди корафтода аз ин мансабдорон хостааст, то ба ӯ дар қитъаи замине, ки барои сохтани Маркази хидматрасонӣ ҷудо шуда буд, иҷозати сохтани хонаи истиқоматӣ бидиҳанд.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, Султони Маъмур солҳои зиёд роҳбарии кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен, яке аз мансабҳои аз ҳама “равғанӣ”-ро дар даст дошт ва як сол пеш муовини раиси ноҳия таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом низ раҳбари комиссияи манзил ва сарпарасти масоили марбут ба тақсими замин буд.

Вале Муқим Раҷабовро дар ҳукумати ноҳияи Спитамен дасти рост ва чашму гӯши раиси ноҳия Темурҷон Нуъмонзода мешуморанд. Нуъмонзода, ки қаблан раҳбарии раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғдро дар даст дошт, моҳи январи соли 2020 раиси ноҳияи Спитамен таъйин шуд. Яке аз кадрҳое, ки ӯ ҳамроҳи худаш ба Спитамен овард, Муқим Раҷабов буд, ки билофосила мудири шуъбаи умумӣ таъйин шуд. Ӯ ҳамчунин вазифаи ронандаи шахсии раиси ноҳияро иҷро мекард ва аз пеш гап-гапи зиёде буд, ки барои ҳал кардани ягон масъала пеш аз рафтан ба назди раис бояд Муқим Раҷабовро “зиёрат” кард ва дасти ӯро, ба қавле, “сафед” кард.

Вақтҳои охир бисёре аз мансабдорони баландпояи дасташон қалб дар Тоҷикистон барои гирифтани пора аз корафтодаҳо  нафарони мавриди боварии худро муваззаф мекунанд.  Дар сурати дастгир шуданашон, ин нафарони миёнарав гуноҳро ба гардан гирифта, ба ҷои порахӯри аслӣ ба зиндон мераванд.

Аз ҷумла соли 2019 пеш дар шаҳри Истаравшан ронандаи раиси вақти ин шаҳр Баҳром Иноятзода бо номи Ҷонӣ бо иттиҳоми “доля” бастани соҳибкорони маҳаллӣ дастгир шуда буд. Иноятзода он вақт тавонист аз ронандааш фосила бигирад ва худро аз  ҷавобгарӣ халос кунад. Вале ӯ моҳи июни соли 2020, алакай баъди шаҳрдори Кӯлоб таъйин шуданаш боз ҳам бо ҷурми гирифтани пора дастгир гардид ва ин дафъа ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button