ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО+18: НАШРИ ВИДЕОИ АЗ ОБ БАРОВАРДАНИ ҶАСАДИ ЯК ШАХСИ НОМАЪЛУМ

Parviz TV  дар каналаш дар Телеграм видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна як гуруҳи ҷавонон аз дарёи Душанбе ҷасади шахси ношиносеро берун мекашанд. Дар видео дида мешаванд, ки ду нафар бо вуҷуди сард будани оби дарё либосҳои худро кашида, худро ба дарё андохтаанд, то ҷасади марди ғарқшударо аз об бароранд. Дар сабт дида мешавад, ки ҷасадро алакай аз об бароварда, дар рӯи садди бетонии зидди сел гузоштаанд.

Parviz TV менависад, ки ҷасадро нимаи дуюми рӯзи 30 март, тақрибан соати 16 пайдо кардаанд. Нашрия меафзояд, бино ба маълумоти тасдиқношуда, марди ғарқшуда омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе будааст.  Маълум нест, ки ӯ тасодуфан ғарқ шудааст ваё худкушӣ кардааст?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 30 март ҷасади як нафари шахсияташ ҳанӯз номаълумро аз дарёи Душанбе берун кашидаанд.

Бино ба иттилои кумита, рӯзи 30 марти соли 2022, соати 17:09, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, пеш аз пули мошингузари собиқ бозори “Султони Кабир”, дар дохили рӯди Душанбе ҷасади нафаре намоён шудааст.

Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 17:30 ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ супориданд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар ҷон бохтаанд, ки ин назар ба 107 нафари дар соли 2020 ғарқшуда 48 нафар, ё наздики 45% бештар мебошад. Аз онҳое, ки соли 2021 дар кӯлу дарёҳо ҷон бохтанд,  синни  33 нафар аз 35 боло ва 47 нафар ҷавонони аз 17 то 35-сола  буда, 75 нафари дигар ноболиғон будаанд. Аз ҷумла соли гузашта  15 кӯдаки то синни чорсола, 21 кӯдаки синнашон аз 5 то 10 ва 39 навраси аз 11 то 16-сола дар кӯлу дарёҳо, асосан ҳангоми оббозӣ ё убури ягон ҷӯйбору канал ё дарё ба ҳалокат расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button