БОЗДОШТИ “ҶОСУС”-Е, КИ ҚАСДИ КУШТАНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОНРО ДОШТ (ВИДЕО)

Мақомоти амниятии Қазоқистон хабар доданд, ки аз як сӯиқасд ба ҷони президенти ин кишвар Қосим -Жомарт Тоқаев ва дигар роҳбони баландпояи ҷумҳур пешгирӣ кардаанд. Аз шаҳрванди Қазоқистон “А”, ки гуфта мешавад, “ҷосуси давлати хориҷӣ” будааст, як камони снайперии сохти хориҷӣ бо садохафакун (глушитель) ва ҳамчунин маблағи бузург ёфтаанд. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ошкор накардааст, ки ин ҷосус ба фоидаи кадом кишвар кор мекард? Вале дар хабар гуфта мешавад, ки як вазифаи дигари ин “ҷосус” тарғиботи зидди Русия ва дар ҷомиа барангехтани ақидаҳои зиддирусӣ буд.
Хадамоти матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КНБ) хабар дод, ки рӯзи 25 марти соли 2022, дар пойтахт, шаҳри Нур-Султон контрразведкаи КНБ “ҷосуси давлати хориҷӣ” шаҳрванди Қазоқистон “А” – ро бо иттиҳоми таҳияи сӯиқасд ба ҷони президент Тоқаев ва дигар роҳбарони баландпояи ин ҷумҳурӣ дастгир кард.
“Ҳамзамон, ӯ нақшаи анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ба зидди кормандони мақомоти вижа ва ҳифзи ҳуқуқро дошт”, – гуфта мешавад дар хабар.
Ҳангоми кофтукоб аз ин нафар як камони снайперии истеҳсоли хорҷӣ бо садохафакун (глушитель), маводи мухаддир ва пули зиёд пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин силоҳро ба Қазоқистон қисм- қисм ба шакли ба таври ҳирфаӣ пӯшида ворид кардаанд.
“Ҳамчунин дар назди ҷосус «А» вазифаи аз тариқи нашри маводи марбута дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ андохтани тарғиботи зидди Русия дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар ҷомиа ба вуҷуд овардани ақидаҳои зиддирусӣ гузошта шуда буд”, – мегӯяд хадамоти матбуоти КНБ.
Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ин шаҳрванди Қазоқистон эътироф кардааст, ки ин корҳоро бо супориш ва ба манфиати як давлати хориҷӣ анҷом медод.
Аъмоли “А” аз ҷониби КНБ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қазоқистон: қисми яуми моддаи 24 (омодагӣ ба ҷиноят ва қасди ҷиноят) ва қисми чоруми моддаи 255 (амали террористӣ) таҳти тафтиш қарор дода шудааст.
Боздошти ин “ҷосуси хориҷӣ” бо қасди куштани президент ва дигар роҳбарони аввали Қазоқистон дар рӯзҳое сурат гирифт, ки инак беш аз як моҳ боз дар Украина задухӯрдҳои шадид бо артиши Русия идома дорад.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон эътирозҳои густардае сурат гирифт, ки ба хушунат печид ва дар ҷараёни он дастикам 230 кас кушта шуд. Мақомоти Қазоқистон масъулияти ин ҳодисаҳоро ба “гуруҳҳои байналмилалии террористӣ” бор карданд, вале ягон далели ҷиддӣ оварда натавонистанд. Дар пайи эътирозҳои моҳи январ қариб тамоми роҳбарони КНБ, бо шумули раиси вақташ Карим Масимов, бо иттиҳомоти сангине, ба мисли “хиёнат ба давлат” ба ҳабс гирифта шудаанд.


