ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ВИДЕОИ БАЁНОТИ ЯКЕ АЗ ЁРОНИ НАЗДИКИ БОҚИР

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабти видеоии баёноти Манучеҳр Шеров,  сокини 36-солаи маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ ва яке аз ёрони наздики Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро нашр кард. Манучеҳр Шеров, ки дар Маркази тиббии Оғохон ба ҳайси посбон кор мекард, баъди чанд маротиба рад кардани талаби ихтиёран ба мақомот ҳозир шуданаш, субҳи 31 март дар ҷои кораш дастгир карда шуд.

Шеров дар ин видео иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо эътироф мекунад ва бо забони сирф адабӣ  ва ҷо-ҷо калимаҳоро ҳиҷо кашида мегӯяд:  

“Ман, Шеров Манучеҳр, санаи 14 ноябри соли 2021 дар якҷоягӣ бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Шаъбонов Ҷамшед дар ҳолати мастӣ қарор доштем. Бо автомашинаи шахсии Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ба кору фаъолияти кормандони милитсия бе ягон асос мамониат кардем. Дар ҳамин вақт ман аз автомашина табарро бароварда, ду маротиба ба автомашинаи хидматии кормандони милитсия зарба зада, як маротиба бо табар худи корманди милитсияро задам. Барои ин кирдорам аз ҷониби кормандони мақомот 4 маротиба даъватнома фиристоданд. Ман аз гирифтану ҳозир шудан ба мақомот саркашӣ кардам. Аз кирдори кардагиам сахт пушаймонам”.

Маълум нест, ки баёноти ӯ дар чӣ шароит сабт шудааст, вале РВКД Бадахшон дар гузоришаш гуфт, ки ҳамаи ҳаракатҳои тафтишотӣ нисбат ба Шеров Манучеҳр дар ҳузури хешовандонаш  анҷом гирифта, ӯ дар ҳузури хешовандонаш ба корҳои кардааш иқрор шуд.

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  рӯзи 31 март хабар дод, ки  Манучеҳр Шеров, як сокини  маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғро “барои авбошиҳояш” дастгир кардаанд.

Манучеҳр Шеров аз ҷумлаи 6 тан аз ёрони наздики Боқир аз маҳаллаи Бархоруғ буд, ки мақомот ду моҳ пеш аз ин лидери ғайрирасмии минтақа супурдани онҳоро талаб карда буданд. Боқир он вақт инро рад кард ва гуфт, “намехоҳам, ки ба ҷои ман дигаронро зиндон кунанд”.

Бино ба иттилои расмӣ,  ба зидди Шеров Манучеҳр Мисжитович, соли таваллудаш 23.04.1996, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 51, н аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №27534 бо ду  моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 237, қисми 3, банди «а» (авбошӣ) ва 330, қисми 1 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат) оғоз карда шудааст.

Милитсияи Бадахшон мегӯяд, Манучеҳр Шеров аз ҷумла ба он гумонбар мешавад, ки ”14 ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30, дар якҷоягӣ бо аъзои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, захмдор намуда буд. Аз санаи 9 декабри соли 2021 нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4382 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт”.

Рӯзи 14 ноябр дар посгоҳи Тирчид кормандони милитсия Боқирро манъ карда буданд, вале тарафдоронаш ба посгоҳ омада, ӯро аз дасти кормандони мақомот кашида гирифтанд. Ҳангоми халос кардани Боқир аз боздошт дар посгоҳ байни тарафдорони ӯ ва кормандони милитсия занозанӣ рӯй дод, ки дар он як корманди милитсия бо табар зада, захмӣ карданд.

РВКД Бадахшон гуфт, “қаблан аз ҷониби прокуратураи ВМКБ ба Шеров Манучеҳр Мисжитович 4 маротиба даъватнома ҷиҳати ҳозир шудан барои пурсиш фиристода шудааст, вале ӯ аз даъват саркашӣ намуда, ягон бор ҳозир нашудааст. Инчунин чандин маротиба оиди ихтиёран ба мақомот ҳозир шудан, ки ҳангоми таъиноти ҷазо ин ҳолат ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад, огоҳ гардида, аммо ӯ онро рад намуда буд”.

Ба зидди худи Боқир низ мақомот бар асоси чанд банди қонун, аз ҷумла таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парванда кушодаанд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки шоми 29 январ раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро латтукӯб ва аз маҳаллаи Бархоруғ, ки Наврӯзов дар ҳамин ҷо дар қабати чоруми бинои маориф зиндагӣ дошт, пеш кардааст. Худи Боқир ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона анҷом дода буд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button