ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКСУ ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ ЯКБОРА 8 МОШИН ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

АКСУ ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ ЯКБОРА 8 МОШИН ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе  хабар дод, ки рӯзи 2 апрели соли 2022  тақрибан соати 13-35 дақиқа ронандаи автобуси мусофиркашони ККВД «Автобус-1» хатсайри №33, рақамҳои қайди давлатиаш 57 87 ТТ 05 шаҳрванд Назаров Назар Нуралиевич, санаи таваллудаш 01.01.1986, истиқоматкунандаи н.Варзоб ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошинҳои дар канори роҳ истода бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садама 7 мошини сабукрав, асосан мошинҳои такси ва худи автобус зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.

РВКД Душанбе гуфт, хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ ягон нафар осеб ва ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ набардоштааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор дошта, сабабу омилҳои он муайян карда мешаванд.

Дар видеои кӯтоҳе, ки як нусхаашро шоҳидон ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ фиристоданд, дида мешавад, ки издиҳоми бузурге дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуда, мошинҳои осебдидаро тамошо доранд.

https://youtube.com/shorts/RxGHofTQl9E

Ин бори аввал нест, ки автобусҳои мусофиркаши  ККВД «Автобус-1» сабаби садама мешаванд.

Аз ҷумла  8-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:35, ронандаи автобуси тамғаи “АКИА”, аломати қайди давлатиаш 99-73 ТТ09, ки ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дорад, Мирдонов Шуҳрат Асатуллоевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ки дар хатсайри №18-и шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул буд, дар вақти ворид шудан ба сероҳаи бозори “Корвон”, бо сабаби истеъмоли барзиёди дорувории “Баралгин”, аз таъсири ин доруворӣ аз ҳуш рафта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромад ва бо  4 мошин бархӯрд ва ҳамчунин Шабнам Ҳасанова ном сокини 26солаи пойтахтро пахш кард. Мутаассифона, Шабнам Ҳасанова дар ин ҳодиса ба ҳалокат расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button