ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА АРТИШ ОҒОЗ ЁФТ. ВИЛОЯТИ БАДАХШОН ВА 5 НОҲИЯИ ВОДИИ РАШТ АЛАКАЙ АЗ ИҶРОИ НАҚША ХАБАР ДОДАНД

Рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин маърака ду моҳ, то 31 май давом хоҳад кард. Хабаргузории “Ховар” хабар дод, ки 5 ноҳияи водии Рашт нақшаи даъватро алакай дар рӯзи аввал иҷро карданд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон алакай рӯзи якуми апрел даъвати баҳориро 102,5 фоиз иҷро кардааст. Раиси комиссияи ВМКБ оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Умедҷон Носирзода ба “Ховар” гуфт, рӯзи 1 апрел дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ— маркази маъмурии вилоят ба ифтихори нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» тантанаҳои идона доир шуд.
Ҳамин тавр, ҳамаи даъватшудаҳо аз 5 ноҳияи водии Раштро субҳи 1 апрел дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҷамъ оварда, барои онҳо маросими вижае таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” баргузор карданд.
Ҳамаи даъватшудаҳо аз 5 ноҳияи водии Раштро субҳи 1 апрел дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҷамъ оварда, барои онҳо маросими вижае таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” баргузор карданд.
“Ба майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд”, — гуфта мешавад дар хабар.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, “ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, ки онро маҷозан хизмати Ватан – Модар меномем, қарзи муқаддаси ҳар ҷавони бонангу ори мамлакат аст. Чӣ хуб аст, ки солҳои охир ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонони бошарафи водии Рашти бостонӣ боло рафта, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданду рисолати шаҳрвандии хешро бо сари баланд адо менамоянд”.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода гуфт, ҳоло дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи аз ин ноҳия беш аз 100 ҷавон хидмат карда истодаанд.
Дар ин ҳамоиш ба 90 наваскаре, ки барои рафтан ба артиш ихтиёран ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супоридаанд.
Тибқи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2022 аз саффи Қувваҳои мусаллаҳ, қӯшунҳои сарҳадӣ, қӯшунҳои дохилии ВКД, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ҷавоб дода шуда, ба ҷои онҳо ҷавонони соли таваллудашон аз 1995 то 2004 ба хидмат даъват карда мешаванд.
Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад. “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.





