ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

АЗ ИН БА БАЪД ҲАР РӮЗ ДУ ПАРВОЗ: “СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОЯШРО БА МАСКАВ АФЗОИШ ДОД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар дод, ки шумораи парвозҳоро дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе афзоиш додааст. Минбаъд парвозҳои мунтазам ба самти Маскав (фурудгоҳи Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд.

Нархи ҳадди ақали чиптаи парвоз аз Душанбе ба Маскав то поёни моҳи апрел дар сомонаи “Сомон Эйр” 300 евро (ҳудуди 4300 сомонӣ) ва чиптаи бозгашт аз Маскав ба Душанбе 130 сомонӣ (ҳудуди 1900 сомонӣ) нишон дода шудааст. Нархи “Сомон Эйр” нисбат ба нархи ширкатҳои русӣ хеле гаронтар аст.

 Қаблан “Сомон Эйр” байни Душанбе ва Маскав ҳар рӯз танҳо як парвоз анҷом медод. Парвозҳои “Сомон Эйр” ба Маскав дар рӯзҳое афзоиш дода мешаванд, ки мавсими нави муҳоҷирати корӣ дар ҳоли авҷ гирифтан аст. Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.

Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари оилаҳои тоҷик ва як чархи пешбари аробаи иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2021 аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар пул ирсол шудааст.

“Сомон Эйр” дар иттилоияаш ҳамчунин ёдовар  шудааст, ки ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия, аҳ ҷумла ба Маскав, ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Русия, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

 Аз 15.03.2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия пурра ё қисман иҷозат дода шудааст.  Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсия мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба мӯҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд.

 Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button