Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ҶАВОҲИРОТИ ТИЛЛОӢ ВА ДУЗДИИ ОҲАН

Зани 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки  моҳи апрели соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ  ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ гирифта, пулашро то ҳол надодааст.

хххххххххххххх

Марди  39-солаи сокини пойтахт ба онгумонбар мешавад, ки шаби 25 март, тахминан соати 20:30, аз кӯчаи М.Мастонгулов ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ оҳанро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 31 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ вобаста ба ҷавоҳирот

01

Нисбати зани 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи апрели соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки арзишашон 55 ҳазор сомониро ташкил медиҳад гирифта, ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии оҳан

004

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 25-уми марти соли 2022, тахминан соати 20:30-дақиқа, аз кӯчаи М.Мастонгулов як миқдор оҳан, ки ба марди 64-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур тааллуқ дорад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button