ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ ЯК ШАХСИ НОМАЪЛУМРО АЗ ДАРЁИ ДУШАНБЕ БЕРУН КАШИДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 30 март ҷасади як нафарро аз дарёи Душанбе берун кашидаанд. Шахсияти ӯ то ҳол муайян карда нашудааст.

Бино ба иттилои кумита, рӯзи 30 марти соли 2022, соати 17:09, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, пеш аз пули мошингузари собиқ бозори “Султони Кабир”, дар дохили рӯди Душанбе ҷасади нафаре намоён шудааст.

Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 17:30 ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ супориданд. Мақомот ҳоло дар пайи муайян кардани шахсияти нафари ғарқшуда мебошанд.

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар ҷон бохтаанд, ки ин назар ба 107 нафари дар соли 2020 ғарқшуда 48 нафар, ё наздики 45% бештар мебошад. Аз онҳое, ки соли 2021 дар кӯлу дарёҳо ҷон бохтанд,  синни  33 нафар аз 35 боло ва 47 нафар ҷавонони аз 17 то 35-сола  буда, 75 нафари дигар ноболиғон будаанд. Аз ҷумла соли гузашта  15 кӯдаки то синни чорсола, 21 кӯдаки синнашон аз 5 то 10 ва 39 навраси аз 11 то 16-сола дар кӯлу дарёҳо, асосан ҳангоми оббозӣ ё убури ягон ҷӯйбору канал ё дарё ба ҳалокат расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button