ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ФАВРӢ! ЯКЕ АЗ ЁРОНИ НАЗДИКИ БОҚИРРО ДАР БАРХОРУҒ ДАСТГИР КАРДААНД

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хабар дод, ки  Манучеҳр Шеров, як сокини  маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғро “барои авбошиҳояш” дастгир кардаанд.

Манобеи “Бомдод°мегӯянд, Манучеҳр Шеров яке аз ёрони наздик ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон буд ва ӯро субҳи 31 март дар худи маҳаллаи Бархоруғ дастгир кардаанд. Манучеҳр Шеров аз ҷумлаи 6 тан аз ёрони наздики Боқир аз ҷумлаи сокинони Бархоруғ буд, ки мақомот ду моҳ пеш аз ин лидери ғайрирасмии минтақа супурдани онҳоро талаб карда буданд. Боқир аз супурдани онҳо даст кашид ва гуфт, “намехоҳам, ки ба ҷои ман дигаронро зиндон кунанд”.

Бино ба иттилои расмӣ,  ба зидди Шеров Манучеҳр Мисжитович, соли таваллудаш 23.04.1996, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 51, н аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №27534 бо ду  моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 237, қисми 3, банди «а» (авбошӣ) ва 330, қисми 1 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат) оғоз карда шудааст.

Милитсияи Бадахшон мегӯяд, Манучеҳр Шеров аз ҷумла ба он гумонбар мешавад, ки ”14 ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30, дар якҷоягӣ бо аъзои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, захмдор намуда буд. Аз санаи 9 декабри соли 2021 нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4382 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт”.

Рӯзи 14 ноябр дар посгоҳи Тирчид кормандони милитсия Боқирро манъ карда буданд, вале тарафдоронаш ба посгоҳ омада, ӯро аз дасти кормандони мақомот кашида гирифтанд. Ҳангоми халос кардани Боқир аз боздошт дар посгоҳ байни тарафдорони ӯ ва кормандони милитсия занозанӣ рӯй дод, ки дар он як корманди милитсия бо табар зада, захмӣ карданд.

Ҳоло ҳаракатҳои тафтишотӣ  нисбат ба Манучеҳр Шеров аз тарафи прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

РВКД Бадахшон мегӯяд, “қаблан аз ҷониби прокуратураи ВМКБ ба Шеров Манучеҳр Мисжитович 4 маротиба даъватнома ҷиҳати ҳозир шудан барои пурсиш фиристода шудааст, вале ӯ аз даъват саркашӣ намуда, ягон бор ҳозир нашудааст. Инчунин чандин маротиба оиди ихтиёран ба мақомот ҳозир шудан, ки ҳангоми таъиноти ҷазо ин ҳолат ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад, огоҳ гардида, аммо ӯ онро рад намуда буд”.

Як манбаи “Бомдод” аз Хоруғ дар шарҳи ин гуфт,  мақомот чандин бор хешовандони Шеровро ба мобайн дароварданд, то ки ӯро ба ихтиёран таслим шудан мутақоид кунанд, вале ӯ рад кард. “Ба ин далел, Шоев Манучеҳр Мисжитович субҳи 31 март дар худи Бархоруғ дастгир карда шуд”, гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ба зидди худи Боқир низ мақомот бар асоси чанд банди қонун, аз ҷумла таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парванда кушодаанд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки шоми 29 январ раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро латтукӯб ва аз маҳаллаи Бархоруғ, ки Наврӯзов дар ҳамин ҷо дар қабати чоруми бинои маориф зиндагӣ дошт, пеш кардааст. Худи Боқир ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона анҷом дода буд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button