ВидеоИлму фанноварӣ

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР АБДУРАҲИМ МАДАМИНОВ

Қалби Мадаминов Абдураҳим Асрорович, Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессори кафедраи менеҷмент ва соҳибкории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, рӯзи 29 марти соли 2022 дар синни 85 аз тапидан бозмонд.

Абдураҳим Мадаминов 14 августи соли 1937 дар деҳаи Саро (Дунё) – и ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1961 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур) –ро  бо дипломи аъло хатм кардааст.

Абдураҳим Мадаминов соли 1967 рисолаи номзадашро дар мавзӯи «Роҳҳои асосии зиёд ва арзон намудани истеҳсоли маҳсулоти гӯсфанди сергӯшту равған дар Тоҷикистон» (дар мисоли колхозҳои водии Ҳисор)»-ро ҳимоя карда, соли 2006 дар Шӯрои диссертатсионии Университети давлатии аграрии Русия – МСХА-и ба номи К.А.Тимирязев (ш. Масав) рисолаи докториашро дар мавзӯи: «Таъмини устувории рушди хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон»  дифоъ кард.  Абдураҳим Мадаминов соли 2009-ум ба гирифтани унвони профессорӣ мушарраф гардид.

Ӯ солҳои 1975 то 1982 ноиби ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон буд.

Олими шинохта 8 монография, 20 маҷмӯа ва зиёда аз 240 кори илмӣ ва илмӣ-методӣ, нашр кардааст ва таҳти роҳбарии ӯ 22 олими ҷавон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуда, ба гирифтани унвони номзади илмҳои иқтисодӣ мушарраф гардидаанд.

Барои тайёр намудани мутахассисони болаёқат соли 1994 ба Мадаминов Абдураҳим унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дода шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button