ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ҶАВОНЗАНРО БО МОШИН ЗАДУ АЗ ҶОИ САДАМА ФИРОР КАРД (3 АКС)

Рӯзи 29 марти соли 2022 ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА-RIO», рақами қайди давлатиаш 13 26 ТТ 05, дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, як ҷавонзани пиёдагарди сокини пойтахтро бо қисмати паҳлуи мошинаш зада, аз пой афтондааст, вале ба ҷои кумак расондан ба ҷабрдида ва ба бемористон бурдани ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи фирорӣ шаҳрванд Саидов Абдуманнон Раҳмоналиевич, санаи таваллудаш 01.01.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошад, ки дар ширкати ҶДММ «Чархи иқбол» ҳамчун ронандаи мусофиркашони «такси» кор мекунад.

Ронандаро ҳамроҳи мошинаш боздошт ва ба Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе дастрас кардаанд. Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, нисбат ба Саидов маводи лозима тартиб  дода шуда, қазия таҳти санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки хушбахтона, ҷавонзани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст. Вале ба ронанда барои фирор аз маҳалли садама муҷозот таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button