ВарзишВидеоХабарҳои кӯтоҳ

8 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР “ТОСКӮЛОҲИ БУЗУРГИ АНТАЛИЯ 2022” ИШТИРОК МЕКУНАНД

Сайри ҷаҳонии гуштини дзюдо бо мусобиқаи  “Тоскӯлоҳи бузурги Анталия 2022” (“Antalya Grand Slam 2022”) идома меёбад. Ин мусобиқа бо иштироки 535 варзишгар (319 мард, 216 зан) аз 65 давлати дунё рӯзҳои 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир хоҳад шуд.  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 31 март хабар дод, ки   дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузурги Анталия 2022” 8 паҳлавон аз Тоҷикистон низ иштирок мекунанд:

-60кг – Меҳрзод СӮФИЕВ
-66кг – Абубакр ШЕРОВ
-66кг – Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
-73кг – Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-100кг – Абубакри АКОБИР
+100кг – Темур РАҲИМОВ
Қувваозмоиҳо, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат хоҳанд гирифт. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ низ қадрдонӣ мегарданд. Барои барандагони ҷойҳои аввал 5000 евро, барои ҷойҳои дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500 евро ҷоиза ҷудо карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button