ВидеоҲуқуқи инсон

ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК СОЛИ ОХИР: НАТИҶАГИРИИ АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International гузориши нави худро дар бораи вазъи ҳуқуқи одамон дар соли 2021 ба нашр расонд, ки 154 кишвари дунёро фаро мегирад. Дар гузориш аз ҳукумати аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, дар пайванд ба бемории коронавирус, саркӯби озодии баёну мунтақидон, истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ дар хонаву боздоштгоҳҳо ва масоили дигар ба шиддат танқид шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар тӯли як соли гузашта аксари ҳукуматҳо аз пандемия барои саркӯби боз ҳам бештари ҳуқуқи инсон сӯиистифода карданд.

Нуктаҳои асосии бахши Тоҷикистони ин гузоришро инҷо меорем:

Ҳуқуқи одамон дар соли 2021 дар Тоҷикистон. Чӣ шуд?

  • Ҳукумати Тоҷикистон бо иддаои онки бемории COVID-19 аз байн рафтааст ва тавассути назорати қатъияш болои расонаҳо, чораҳои қаблан ҷоришудаи ҳифзи беҳдоштиро дар давраи пандемия халалдор кард.
  • Дастрасии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ба ҳуқуқу адолат ҳамоно мушкилии зиёд дорад.
  • Мавридҳои истифода аз шиканҷа ва муносибати дигари бераҳмона зиёд паҳн шудааст, вале иттилоъ дар ин замина ҳамоно кам аст.
  • Озодии баён бе ягон асос аз тарафи ҳукумат маҳдуд карда шудааст. Фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳомҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.

Задухӯрд дар марз ва паноҳҷӯён

Дар як бахши марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки сокинони ду тараф бар сари дастрасӣ ба об ихтилоф доранд, рӯзи 28-уми апрели соли 2021 задухӯрд сар зад. Мақомот гуфтанд, дар ин рӯйдод аз тарафи Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд.Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли 2021 эълон кард, ки барои қабули 100 ҳазор паноҳанда аз Афғонистон омода аст. Расонаҳои маҳаллӣ моҳи августи ҳамон сол хабар доданд, ки 2000 нафар аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада, ба кишварҳои сеюм фиристода шуданд.

Моҳи сентябр вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон барои қабули паноҳандагони зиёде имконият надорад. Ҳамон моҳ боз 200 шаҳрванди Афғонистон барои гузаштан ба Тоҷикистон талош карданд, вале танҳо 100 зану кӯдак тавонистаанд, марзро гузаранд.

Ҳуқуқ ба саломатӣ

Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъро дар бораи паҳншавии бемории COVID-19 таҳти назорати ҷиддӣ гирифта буд ва ҳам асари онро ба саломати мардум кам нишон дод. Дар натиҷаи ин гуна амалиёт, барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ ва ҳифзи сиҳҳатии мардум чораҳои муфид дертар рӯи даст гирифта шуданд ва бино бар он ҳосили камтаре доштанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ ҳангоми паёмаш ба порлумон гуфт, гирифторӣ ба бемории коронавирус дар кишвар дигар сабт нашудааст. Тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ, кормандони тиб барои ташхиси вирус зери фишори ҷиддӣ қарор доштанд. Гуфта мешавад, дастикам як пизишк пас аз эълони санҷиши мусбати беморӣ аз кор ронда шудааст.

Рӯзи 21-уми июн дафтари сарвазири Тоҷикистон эълон кард, ки баъзе мавридҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19 ошкор шудааст ва сабаби онро риоя накардани чораҳои муҳофизатӣ аз ҷониби мардум донистанд.Пас аз он, эмкунӣ ё ваксиназанӣ барои аҳолии калонсол ҳатмӣ шуд, аммо дар бораи рафти татбиқи амалиёти иҷборӣ маълумоте дода нашуд. То охири соли гузашта зиёда аз чаҳор миллион воя ваксина ба аҳолӣ зада шуд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи сентябр эълон кард, ки аз оғози пандемия 17 ҳазор мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт шуда, 124 ҳолати он бо марг анҷомидааст. Аммо расонаҳои мустақил хабар доданд, ки бар асоси гузоришҳои дарёфтии онҳо, ин рақам хеле зиёдтар аст.

Хушунат нисбат ба занону духтарон

Дастрасии ҷабрдидагони хушунати оилавӣ ба дастгирӣ, ҳимоя ва адолат хеле мушкил шудааст. Қонун оид ба хушунати хонаводагӣ аз соли 2013 ба ҷарбдидагони имкон додааст, аз чунин ҳодисаҳо ба маъмурони интизомӣ шикоят кунанд. Вале қонун ниҳодҳои дахлдорро барои тафтиши ин гуна шикоятҳо ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ вазифадор намекунад.

Порлумони кишвар тарҳи нави Кодекси ҷиноиро баррасӣ кард, ки дар он як моддаи махсуси ҷиноӣ ба хушунати хонаводагӣ бахшида шудааст. Вуҷуди ин гуна моддаи ҷиноӣ ҳанӯз имкон намедиҳад, ки ҳама намудҳои хушунат, аз ҷумла хушунати равонӣ, таҷовузи зану шавҳар ва таҷовузи ҷинсӣ аз тарафи қонун тавассути ин модда баррасӣ карда шаванд.

Шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона

Барномаи амалии чорабиниҳо, ки ҳамчун як бахши стратегияи нави ислоҳот дар низоми адолати додгоҳӣ пешниҳод шуда буд, моҳи феврал эътибор пайдо кард. Ин барнома назорати мустақили боздоштгоҳҳо, такмил додани низоми ироа ва тафтиши шикояти шахсони боздоштшуда ва таҳияи низоми тафтишоти мустақилонаи марг дар боздоштгоҳҳоро пешбинӣ мекунад.

Ба мақомоти расмӣ танҳо дар бораи шумораи хеле ками шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона гузориш дода шудааст. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар моҳи март гузориш дод, ки дар соли 2020 ҳадди ақал дар бораи 38 мавриди шиканҷа ва муносибатҳои дигари бераҳмона парвандаҳоро ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Созмон гуфтааст, ин рақам танҳо як қисми ками шумораи воқеии парвандаҳоро ташкил медиҳад.

Се афсари пулис моҳи июни соли 2017 барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров аз 10 то 13 сол зиндонӣ шуда буданд. Ҳасан Ёдгоров пас аз чанд рӯзи шиканҷа, латукӯб ва истифодаи нерӯи барқ аз сӯи пулиси шаҳри Турсунзода, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахти Тоҷикистон, ба содир кардани куштор “иқрор шуд”. Ӯ то бекор шудани айбнома шаш моҳи зиндагиашро дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузаронд. Моҳи майи соли 2018, вақте гумонбари асосиро боздошт карданд, раҳо шуд. Ӯ пас аз озод шудан дар бораи шиканҷа гузориш дод. Ду афсари пулис таҳти афв қарор гирифтанд ва дар натиҷа муҳлати ҷазои онҳо кӯтоҳ карда шуд.

Озодии баён

Мақомот ба саркӯби фаъолони мухолифин ва онҳое, ки ҳукуматро танқид мекунанд, идома доданд. Ин мухолифин бо иттиҳоми дорои ангезаҳои сиёсӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда шуданд. Мақомот инчунин истирдоди намояндагони мухолифинро аз кишварҳои хориҷӣ дархост карда, ба таъқиби пайвандонашон дар Тоҷикистон ва хориҷ идома доданд.

Саъдӣ Раҳматов, домоди хонаводаи Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ду моҳ дар Юнон дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дода буданд. Раҳматов аз онҷо 13-уми январ озод карда шуд. Ӯро дар Тоҷикистон ба “мусоидат ба зархаридӣ” муттаҳам мекунанд. Ин ҷиноят 15 соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Ҳуқуқшиноси мустақил ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав Иззат Амон (Иззатулло Холов) рӯзи 25-уми март бедарак шуд. Пас аз ду рӯз намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон аз Русия истирдод шуда, дар боздоштгоҳе дар Душанбе мебошад. Иззат Амон ҳукумати Тоҷикистонро борҳо барои бетафовутӣ ба сарнавишти муҳоҷирони тоҷик дар Русия танқид кардааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2021 ӯро бо гуноҳи қаллобӣ ба нӯҳ сол зиндон маҳкум кард.

Узви собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ Мирзои Ҳоҷимуҳаммад рӯзи якуми июн бо ҷурми “узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ” ба панҷ сол зиндон маҳкум карда шуд. Ӯ солҳои охир дар Русия ба ҳайси табиб кор мекард ва моҳи феврали барои дидани пайвандон ба Тоҷикистон баргашт. Дар аввал мақомот сафари ӯро маҳдуд карданд ва сипас моҳи май дастгир намуданд. Гуфта мешавад, ҳукми Мирзои Ҳоҷимуҳаммад бар навиштаҳои номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ асос ёфтааст. Ӯ соли 2020 дар мусоҳиба бо расонаҳо мақомоти кишварро барои дер эътироф кардани вуҷуди бемории COVID- 19 танқид кардааст.

Рӯзноманигори мустақил Далер Шарифов баъди ба охир расидани муҳлати ҷазояш моҳи январ озод гардид. Ӯро моҳи апрели соли 2020 ба як сол зиндон маҳкум карда буданд.

Бар асоси қонуни афв, ки ба муносибати 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон эълон шуда буд, муҳлати ҷазои Бузургмеҳр Ёров чаҳор сол кам карда шуд. Вакили мудофеъ Ёров барои ҳимоят аз чанд узви ҲНИТ ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Тарҷума аз Радиои Озодӣ  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button