ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВРО БА МАБЛАҒИ 750 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 29 март дар бораи ошкор шудани боз ду ҳолати қаллобӣ ба маблағи бузург хабар дод. Гуфта мешавад, ки ду нафари қаблан судшуда як сокини 52-солаи ноҳияи Б.Ғафуровро ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ (!!!) фиреб додаанд. Дар як ҳолат сокини 59-солаи қаблан ҳам  судшудаи Панҷакент ҳанӯз соли 2017 аз ин сокини Ғафуров ба маблағи 330 ҳазор сомонӣ тахта гирифта, то ҳол пулашро надодааст. Дар як мавриди дигар сокини ни қаблан судшудаи ноҳияи Спитамен низ ба он айбдор мешавад, ки аз ҳамин сокини Ғафуров 420 ҳазор сомонӣ гирифта, дигар барнагардондааст.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 59-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаҳои 245, 340, 257 қисми 3, 245 ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи январи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз нуқтаи савдояш 132 метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии чӯбтахта ба маблағи 330 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тавр, меафзояд ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба боварии марди дар боло зикргардида даромада, барои тиҷорат аз ӯ 420 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button