ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ТО 10 РӮЗ МЕТАВОНАНД ДАР ӮЗБЕКИСТОН БИДУНИ САБТИ НОМ БИМОНАНД

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март иловаҳо ба созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018-ро пазируфт.  Ин иловаҳо ба сокинони ду кишвар имкон медиҳанд, ки ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар то 10 рӯз бидуни сабти ном онҷо бимонанд. То кунун давраи будубоши бидуни сабти ном барои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар ҳамагӣ то 3 рӯз буд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни муаррифии ин иловаҳо гуфтааст: “Бо дарназардошти он, ки солҳои охир шумораи шаҳрвандониТоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтаанд ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расонида шуд, ки тибқи он бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шудаанд:

“ 3. Шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати  10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд”.

Дар даврони президентии Ислом Каримов равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон беш аз ду даҳсолаи пуртаниши монанд ба ҷанги сардро пушти сар кард. Дар аҳди Каримов Ӯзбекистон бо Тоҷикистон низоми раводид (виза) ҷорӣ карда, хатти марзаш бо Тоҷикистонро минакорӣ кард.

Баъди марги Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, ки аҷдодаш аз деҳаи Яқтони ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) мебошанд, равобити Тошканду Душанбе рӯ ба гармӣ овард. Дар як муддати кӯтоҳ байни ду кишвар парвози ҳавопаймоҳо ва ҳаракати автобусҳо аз сар гирифта шуд, гузаргоҳҳои марзии солҳо  боз масдуд аз нав кушода шуданд ва низоми раводид аз байн бурда шуд.

Дар даврони пандемияи коронавирус равуо байни ду кишвар нисбатан маҳдудтар шуд, вале аз 15 март ин маҳдудиятҳо аз байн бардошта шуданд.

Равшан Раҷабзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button