ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ РОНАНДАИ ТАКСИ БАЪДИ МУНОҚИША БО МУҲОФИЗОНИ “АШАН” (2 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки як ронандаи таксиро барои ҳаракат ба самти муқобили роҳ дар назди фурӯшгоҳи “Ашан” ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, санаи 28-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа”, рақамҳои қайди давлатиаш 18 15 ТТ 09, Зарипов Фатҳулло Ҳайдарович, санаи таваллудаш 23.11.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
 “Зимни санҷиш муайян гардид, ки Зарипов Фатҳулло санаи 28-уми март, соати 13:45, дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, назди фурӯшгоҳи “Ашан” бо мошини худ ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда, ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задаст. Ҳамзамон эроди муҳофизони фурӯшгоҳи мазкурро нодида гирифта, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва осудагии шаҳрвандону атрофиёнро халалдор сохтааст”, – хабар медиҳад милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбат ба Зарипов Фатҳулло тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button