ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои Бадахшон

ДАЪВАТ ДОШТ Ё НАДОШТ? ВИДЕОИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВ АЗ НАВ САНҶИДА МЕШАВАД

Рӯзи 29 март дар толори боздоштгоҳи №1 дар шаҳри Душанбе мурофиаи навбатӣ ва инак сеюми парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари поп-ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуд. Ба хабарнигорон ин дафъа низ иҷозати иштирок дар мурофиаро надоданд, вале Радиои Озодӣ аз қавли  вакилони мудофеъ ва пайвандони Чоршанбиев, ки ба мурофиа роҳ ёфтанд, хабар дод, ки додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сафар Нурализода бо тақозои вакилони варзишгар қарор кардааст, то навори суханронии ӯ дар бораи ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ аз нав санҷида шавад.

Маҳз видеои ҳамин суханронии Чоршанбе Чоршанбиев далели асосии тафтишот барои айбдор кардани ин варзишгар ба даъватҳо ба тағйир додани сохти қонунӣ дар Тоҷикистон шудааст. Чоршанбиев ин иттиҳомро қабул надорад ва мегӯяд, танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбековро талаб карда буд.

Тасмими додраси парванда барои санҷиши дубораи навори суханронии Чоршанбе Чоршанбиев дар ҳолест, ки як сиёсатшинос аз Тоҷикистон бо дархости мақомоти тафтишотӣ ва як устоди забони русӣ аз Русия  бо дархости вакилони Чоршанбиев қаблан дар бораи даъват ба сарнагунии ҳукумат доштан ё надоштани ин суханронии баҳсбарангез ду хулосаи комилан мухталифи лингвистӣ дода буданд. Сиёсатшиносе, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар хулосааш гуфтааст, Чоршанбиев дар он навор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кардааст. Вале Елизавета Колтунова, устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгороди Русия, гуфтааст, “дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои психологӣ – лингвистии даъват ба содир кардани зӯроварӣ, аз ҷумла вобаста ба ҳар гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад.”

Чоршанбе Чоршанбиев дар он суханрониаш, ки дар рӯзҳои эътирозҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар Хоруғ сабт шудаанд, аз ҷумла мегӯяд: “То кай тоқат кунем, ба ин чашм пӯшем ва оё ин аз рӯи адолат аст? Ба назари ман, бояд ба ин рӯйдод вокуниши бештар кунем.”

Чоршанбе Чоршанбиев , бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба даъват ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон айбдор мешавад. Ба варзишгар бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Чоршанбе Чоршанбиев 26 сол дошта,  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  яке аз ситораҳои варзиши поп-ММА, як навъи ҷангҳои бидуни қоида аст. Ӯ солҳои охир дар Русия зиндагӣ ва ҳунарнамоӣ мекард. Рӯзи 3 декабр, ҳамагӣ чанд рӯз баъди изҳори назараш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон, Чоршанбе Чоршанбиев  дар Маскав аз ҷониби кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) бо иттиҳоми дар тобистони соли гузашта бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва суғуртаи ОСАГО бо суръати баланд рондани мошин боздошт шуд.  Додгоҳи ноҳияи Останкино билофосила ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Чоршанбиевро алакай рӯзи 30 декабр ба Душанбе фиристоданд. Мақомоти Тоҷикистон баъди чанд соат хабар доданд, ки ӯро рост дар фурудгоҳи Душанбе дастгир  ва барангехтани кинаю адоват ва даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ айбдор карданд. Вале Вале ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст: “Ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман  танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкоронро талаб карда будам.”

Тарафдоронаш истирдоди ӯ аз Русия ва ҳабсаш дар Душанберо интиқом барои изҳори назарҳояш дар бораи рӯйдодҳои Бадахшон мешуморанд. Мухолифонаш Чоршанбиевро ба он айбдор мекунанд, ки як замон аз тоҷик ном бурданаш ор мекард ва дар ҳаққи тоҷикҳо носазо мегуфт. Вале ӯ тобистони соли 2021 дар як видео барои он суханонаш узр хоста, махсус бо парчами Тоҷикистон акс гирифт ва гуфт, аз ин ба баъд дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон ба майдон хоҳад баромад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button