ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

БОЗДОШТИ ДОМОД ВА МУҲОФИЗИ СОБИҚИ САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

Пайвандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва раиси собиқи Комиссияи оштии миллӣ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод”  хабар доданд, ки  мақомот боз ду нафари наздик ба ин раҳбари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷикро бо иттиҳоми “аз хориҷа пул гирифтан” дастгир кардаанд.

Абӯбакри Нурӣ, бародари хурдии  Саид Абдуллоҳи Нурӣ  гуфт, Сайвалӣ Ризоев, шавҳари хоҳари онҳо 5 рӯз қабл ва муҳофизи собиқи Нурӣ Исматулло Балхиев як моҳ қабл дастгир шудааст.

Сомони “Зиндониён” хабар дод, ки Сайвалӣ Ризоевро ба он айбдор мекунанд, ки фарзандонаш дар Аврупоянд ва ӯ аз онҳо пул дарёфт кардааст. Ба иттилои ин сомона, Сайвалӣ Ризоев аз ҷониби мақомоти вилояти Хатлон дастгир шудааст, вале ҳоло дар боздоштгоҳе дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Як манбаи “Бомдод” гуфт, Сайвалӣ Ризоев дар ноҳияи Вахш деҳқонӣ мекард  ва ягон рабт ва алоқае ба фаъолиятҳои сиёсӣ надошт.

Ва аммо Исматулло Балхиев, ки, ба гуфтаи яке аз наздиконаш, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, қаблан дар пайи боздошти бародарзодаи Нурӣ Нусратулло Саидов бозпурсӣ шуда, ҷавоб шуда буд, дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми нишастан ба ҳавопаймои роҳии Русия дастгир шудааст. Ӯ дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000 яке аз муҳофизони Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд. Наздиконаш эҳтимоли кӯшиши фирор аз кишварро доштани Балхиевро рад карданд ва гуфтанд, ки ӯ солҳои охир ҳар сол бо расидани фасли баҳор ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт.

Нурӣ, Муҳиббулло Нуриддинов, Нусратулло ва Нурулло Саидовҳо. Коллаж аз Аздо ТВ

Қаблан дар бораи боздошти Нусратулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов, ду бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ва бародари хурдиаш Нурулло Саидов бо айни иттиҳоми “аз хориҷа пул гирифтан” хабарҳо ба даст расида буд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи боздошти хешовандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ ягон иттилои расмӣ нашр накардаанд, вале яке аз пайвандони ин раҳбари фақиди мухолифин гуфт, ба ҳисоби онҳо, тайи ду моҳи охир дастикм 14 нафар аз афроди наздик ба Нурӣ бо айни иттиҳом, яъне “аз хориҷа пул гирифтан” ба ҳабс гирифта шудаанд.

Аммо пайвандони Нурӣ мегӯянд, аз хешовандони худ дар хориҷ гирифтани маблағ ҷурм нест ва садҳо ҳазор хонаводаи тоҷик аз азизони муҳоҷири худ аз Русияву кишварҳои дигар пайваста кумаки молиявӣ ба даст меоранд. Хешовандони Нурӣ ҳам, ки як қисмаш ҳоло дар Аврупо кору зиндагӣ мекунанд, ба хешу табори худ дар Тоҷикистон пул мефиристоданд, вале тавре ба назар мерасад, ин пулҳо вақтҳои охир барояшон дардисарсоз шудааст.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиён дар водии Вахёи ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба дунё омада, 9 августи соли 2006, дар синни 59 дар Душанбе баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Нурӣ, ки парвардаи мактаби Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ буд, ҳанӯз соли 1973  бо 4 ҳамфикраш ҷамъияти пинҳонкори мазҳабиеро бо номи “Наҳзати ҷавонони мусалмон” ташкил дод, ки баъдан ба ҲНИТ табдил ёфт. Нурӣ нафарест, ки ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз номи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин созишномаи сулҳи соли 1997-ро бо президент Эмомалӣ Раҳмон имзо кард ва баъди бозгашти мухолифин ба Ватан  то соли 2001 раиси Комиссияи оштии миллӣ буд.

Баъди манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015, шуморе аз пайвандони Нурӣ, аз ҷумла чанд писару духтараш, тарки Тоҷикистон карданд ва аксараш ҳоло дар Аврупо ба сар мебаранд. Вале қисми дигари хешовандони Нурӣ дар Тоҷикистон монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button