ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ “ОСКАР”-И ТОҶИКӢ БО НОМИ “ТОҶИ СОМОН” БАРОИ ФИЛМҲОИ БЕҲТАРИН

Ҳукумати Тоҷикистон ва киностудияи “Тоҷикфилм” бори аввал синамоҷоизаи миллиро бо номи “Тоҷи Сомон” таъсис додаанд. Маросими супурдани нахустин ҷоизаҳои “Тоҷи Сомон” барои филмҳои тоҷикии се соли охир шоми 1 апрели соли 2022, соати 18:00 бо иштироки васеи синамогарон дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Киностудияи “Тоҷикфилм” дар сомонааш хабар дод, ки синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” “бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа” таъсис дода шуда,  нахустин озмун барои муайян кардани барандагонаш аз байни филмсозони ватанӣ бахшида ба иди Наврӯз ва таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” баргузор мешавад.

Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ хоҳанд шуд ва синамоҷоизаи миллӣ ба беҳтарин филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ  тақдим карда мешавад, гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи “Тоҷикфилм”.

Таъсиси синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” баъд аз солиёни рукуд дар соҳаи синамои тоҷикист, ки дар даврони Шӯравӣ ба рушди қобили мулоҳизае даст ёфта буд, вале дар аввали солҳои 90, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба ботлоқи ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафтани Тоҷикистон дучори буҳрони ҷиддие шуд, ки беш аз ду даҳсола давом кард. Хушбахтона, тавре ба мушоҳида мерасад, синамои миллии тоҷикӣ солҳои охир билохира худро аз ботлоқи рукуд раҳонда, як каме пой ба роҳи эҳё гузошта истодааст.

Дар солҳои охир чандин филми сохтаи коргардонони тоҷик, аз ҷумла “Бачаи обӣ”, “Нолаи танбӯр”, “Оҳангҳои даврони рафта”, “Сарбор”, “Тақвими интизорӣ” дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Вале синамогарон мегӯянд, чанд мушкили ҷиддӣ ва пеш аз ҳама камбуди маблағгузорӣ, сатҳи начандон баланди тахассуси коргардонҳову наворбардорон ва дигар кормандони соҳа, ҳамчунин майлу мароқи начандони ҳунарпешагон барои  иҷрои нақшҳо дар филмҳои тоҷикӣ монеи рушди боз ҳам бештару беҳтари синамои миллӣ  дар Тоҷикистон  шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button