ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ГАРДИДАНИ ДУ ҲОЛАТИ ДУЗДӢ ДАР КӮЛОБ

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ дар шаҳри Кӯлоб хабар дод. Аз ҷумла ба ШВКД Кӯлоб бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 25 ба 26-уми марти соли 2022, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 27-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 252, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 34-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 1-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Манбаъ: ВКД Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button