ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ОФАРИН, УМЕД! ҶАВОНИ ТОҶИК 3 ҲАЗОР ДОЛЛАР ЁФТУ БА СОҲИБАШ БАРГАРДОНД

Тарроҳ ва саҳифабанди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Умед Султонов дар рӯзҳои иди Наврӯз дар бозори марказии Ҳисор як ҳамёнро бо 3 ҳазор доллар пулу ҳуҷҷатҳо пайдо карда, ба соҳибаш баргардондааст.

Умед Султонов ба ҳамкоронаш аз сомонаи Pressa.tj  чӣ гуна ёфт шудани бастаи доллар ва ва ба соҳибаш баргардонидани пулу ҳуҷҷатҳоро  ба соҳибашро нақл карда, гуфтааст, ин ҳодиса рӯзи 23 март, вақте рӯй дод, ки Умед бо аҳли оилааш барои таҷлили иди Наврӯз ба хонаи бибиаш ба шаҳри Ҳисор рафтаанд.

“Мошинро дар назди бозори марказии Ҳисор мондам, то модарам даромада, харид кунанд. Худам бо фарзандони хурдсолам дар дохили мошин нишастам. Ногоҳ назарам берун аз  мошин, ба ҳамёни рӯйи замин афтод. Гирифтам ва дар дохили мошин ҳисоб кардам, ки 3000 доллар, як миқдор сомонӣ ва шиноснома аст”, нақл кардааст Умед.

Баъди тақрибан 10 дақиқа ӯ дар берун занеро дид, ки бо хотири парешон аз одамони роҳгузар ҳамёни гумшударо мепурсид.

“Чун дидам, ки бо либосҳои азодорист, дилам сахт сӯхт ва назди мошин даъват кардам. Тамоми чӣ гуна гум шудани ҳамёнро пурсидам. Ҳамаашро рост гуфт. Ҳамёнро бо тамоми маблағаш ба ин зан баргардонидам. Ӯ хурсанд шуд ва бароям 100 доллар ҳадя пешниҳод кард, аммо нагирифтам. Маълум шуд, ки шавҳари ин зан чанде пеш аз олам гузашта будааст. Ӯ нақл кард, ки дар маркази шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад ва ин маблағҳои қарз аст, ки бояд ба соҳибонаш бармегардонд.

Ин зан баъди нагирифтани 100 доллар хонаи бибиамро пурсид. Дар ҷавоб кӯчаи Айнӣ гуфтам”, давом додааст нақлашро Умед.

Ӯ мегӯяд, вақте ба хонаи бибиаш рафтанд ва ин ҳодисаро дар хонаи бибиаш нақл мекард,  марде дарашонро тақ-тақ зад ва як почаи гӯсфанд дар даст вориди хона шуд. Ин мард Умедро дида,  гӯшти гӯсфандро додаст ва барои ҷавонмардиаш арзи сипос кардааст.

Умед аз ин мард номи он занро пурсидааст ва мард гуфтааст, ки апаи Гулбибӣ ном дорад. Ӯ дар бораи кӣ будани он зан, ки 3 ҳазор доллар пули гумшудаашро баргардонд, ҳамин қадар медонад.

Бисёриҳо дар зери ин хабар ба Умед Султонов барои чунин ҷавонмардӣ офарин хондаанд ва навиштаанд,  амали хайр ҳеҷ гоҳ бе подош намедонад. Ба ақидаи бисёриҳо,  дар шароити уфти башиддати арзишҳои ахлоқӣ ва дур шудани мардум аз фарҳанги фарқ кардани ҳарому ҳалол, ҷомиаи имрӯзаи Тоҷикистон ба ҷавонмардҳое ба мисли Умед хеле ниёз дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button