ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ДОМОДУ АРӮС БАЪДИ ЧАНД РӮЗИ ТӮЯШОН ХУДКУШӢ КАРДААНД

Соати тахминан яки шаби 26 ба 27 март дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон домоду арӯс якҷо даст ба худкушӣ задаанд.

Бино ба иттилои манбаи сомонаи Pressa.tj, ин ҷавонон ҳанӯз се-чор рӯз пеш, тахминан 25-уми марти соли равон бо ҳам издивоҷ карда будаанд.

Як манбаъ бо шарти зикр накардани номаш  ба “Пресса” гуфтааст, ки ҷавонон дар деҳаи Яккатути ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш даст ба худкушӣ задаанд. Ҳанӯз сабаби даст ба худкушӣ задани домоду арӯс маълум нест.

Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Вахш хабари даст ба худкушӣ задани домоду арӯсро тасдиқ карданд. Аз ҷавонони худкушикарда Шарифбек Зиёев, сокини ноҳияи Вахш ва Гулҳавас Шоева, сокини ноҳияи Кӯшониён ном бурда шуд.

Гуфта мешавад, ки онҳо шаби 26 ба 27-уми марти соли равон, тахминан соатҳои як шабона дар манзили истиқоматии домод, дар оғилхона худро ба дор овехтаанд.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ноҳияи Вахш хабар дод, ки домод соли таваллуди 1988 ва арӯс соли таваллуди 2004 будааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, Гулҳавас Шоева ҳанӯз ба синни 18 нарасида буд ва волидонаш барои зудтар ба шавҳар додани ӯ ҳатто қарори додгоҳро ҳам ба даст оварда будаанд.

Дар Тоҷикистон издивоҷ танҳо аз синни 18 иҷозат дода мешавад, вале дар ҳолатҳои истисноӣ бо ризоияти додгоҳ метавонанд аз синни 17 низ ба издивоҷи духтарон иҷозат бидиҳанд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки додгоҳ бар асоси чӣ тавҷеҳи истисноие ба никоҳи барвақти Гулҳавас иҷозат додааст?

Тафсилоти дигари ин ҳодиса ҳанӯз дастрас нест.

Ҳарсол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Беш аз нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Муноқишаҳои оилавӣ, камбудиҳои рӯзгор, афсурдагӣ, ноумедӣ ва хушунат дар оила аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарони тоҷик ном бурда мешаванд.

Вале ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани шавҳарон ва дигар аъзои оила бо ҷурми ба худкушӣ расондан дар кишвар то ҳол ками дар кам аст.

Худкушии домоду арӯс дар Вахш аз нахустин мавридҳои якбора худро куштани домоду арӯс дар Тоҷикистон ном бурда мешавад. Вале сабаби худкушии ин домоду арӯси номурод номаълум боқӣ мемонад.

Барои маълумот: Соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳолати  худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст, ки ин назар ба як соли қабл 47 маврид камтар аст. Дар 246 маврид занону духтарон, аз ҷумла 52 духтари ноболиғ ба ҷони худ қасд кардаанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 272 ҳолати қасди худкушии занону духтарон сабт шуда буд. 53 нафари онҳо духтарони ноболиғ буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button