ВарзишВидео

МАДИНАИ РУСТАМ ДАР 2 ГУШТИНИ НАВРӮЗӢ 12 БАЧАРО ЗАДА, 35 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶОИЗА ГИРИФТ (2 ВИДЕО)

Мадинаи Рустам, як духтари навраси зардмӯ  бо ҷуссаи ба зоҳир наҳифу назарногир аз ҷамоати Кадучии ноҳияи Восеъ, ки машқи гуштин мекунад, дар мусобиқаҳои гуштини миллӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз дар вилояти Хатлон бо гуштингирони мард вориди рақобат шуда, ҳамчун ҷоиза як буққа ва ҳамчунин 35 ҳазор сомонӣ  ба даст овардааст.

Дар гуштине, ки дар шаҳри Бохтар бо маблағгузории раиси корхона “Ресанда” Нусратулло  Файзуллоев баргузор шуд, Мадинаи Рустам Суннатулло аз маҳаллаи Пахтакори шаҳри Бохтарро  баъди ҳамагӣ чанд соати оғози рақобаташон бо як ҳалуки зебо ба пушт афтонд ва 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза ба даст овард. Барои як пирӯзии дигараш дар ин майдон раҳбари “Ресанда”, ки аз ҳунарнамоии ин духтар дар баробари рақибони мардаш сахт ба ваҷд омада буд, ба Мадинаи Рустам як буққа туҳфа кард.

Ровии мусобиқа гуфт, ин духтарак аз Кадучӣ дар мусобиқаи ташкилкардаи Нусратулло Файзуллоев 6 ғалаба ба даст овардааст. Ровӣ ҳамчунин нақл кард, ки Мадинаи Рустам аз ин пеш дар мусобиқаи гуштин дар ноҳияи Данғара ҳам то соати панҷи бегоҳ беист ба майдон баромад ва дар онҳо низ 6 гуштингири мардро ба пушт хобонд.

Ровӣ гуфт, ба ҳисоби ӯ, ин духтараки ба зоҳир назарногири зардмӯ аз Кадучӣ дар мусобиқаҳои наврӯзӣ алакай камаш 35 ҳазор сомонӣ кор кардааст. Ӯ гуфт, раиси ноҳияи Данғара ба Мадинаи Рустам аз ҷумла мошини ҷомашӯӣ, телевизор, қолини 4 ба 6 ва ҳамчунин ҷоизаи пулӣ супурдааст. Ба гуфтаи ровӣ, соати панҷи бегоҳ дигар аз байни гуштингирони мард ягон довталабе намонд, ки бо Мадина дасту панҷа нарм кунад ва раиси ноҳияи Данғараро мусобиқаро бо ҳамин нуқта гузошт.

 “Ҳалолат бод!”  – гуфт ровӣ хитоб ба Мадинаи Рустам ҳангоми эълони пирӯзии навбатиаш дар гуштини Бохтар.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button