ТАШКИЛИ ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ВА РӮЗҲОИ ҚАБУЛИ ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА ДАР БАДАХШОН

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки “бо мақсади таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа, пешгирӣ аз ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон” дар Раёсат «Телефони боварӣ»-и сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таҳти рақами (83522) 2-02-02 таъсис дода шуд.
Милитсияи Бадахшон мегӯяд, телефони боварии генерал Шариф Назарзода “бидуни танаффус, ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, ҳар нафар метавонад дар бораи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷинояткориву қонуншиканиҳо, таҳкими ҳамкории милитсия бо аҳолӣ таклифу пешниҳодот ва арзу шикоят пешниҳод намояд”.
Милитсияи Бадахшон ҳамчунин саҳифаҳои худро дар шабакаҳои Фейсбук ва Инстаграм таъсис дода, эълон кард, ки генерал Шариф Назарзода ҳар рӯзи шанбе худаш шахсан шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфта, ба арзу шикоятҳои онҳо гӯш хоҳад дод.
Шариф Назарзода дар поёни моҳи феврал сардори РВКД ВМКБ таъйин шуд. Ӯ қаблан раҳбарии милитсияи шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт. Генерал Назарзода дар пойтахт низ аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои шунидани арзу шикоятҳои шаҳрвандон фаровон истифода мебурд ва командаи ӯ яке аз фаъолтарини идораи давлатӣ дар масъалаи ҳамкорӣ бо ҷомиа шумурда мешуд.
Милитсияи Бадашон мегӯяд, тамоми арзу шикоятҳо бевосита ба сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода пешниҳод гардида, оид ба ҳар яки он санҷиш гузаронида мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ба масъалаи қабулу санҷиши ҳамаҷонибаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, шахсан худи сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода рӯзи шанбеи ҳар ҳафта шаҳрвандонро қабул менамояд, ки дар натиҷа арзу дархост ва шикоятҳои онҳо мавриди санҷишу чораандешии ҳаматарафа қарор дода мешавад. Аммо дар иттилоияи гуфта мешавад, ки шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои дурдаст ба қабули сардори милитсияи Бадахшон ба Хоруғ меоянд, новобаста аз рӯзҳои ҳафта ва вақту соат қабул карда мешаванд.
Дар баробари телефони боварӣ, ҳамзамон почтаи электронии Раёсат rvkdjtvmkb@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва инчунин саҳифаи расмии Раёсат дар Инстаграм @PAMIRPOLICE фаъол карда шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд арзу шикоят ва муроҷиати худро ба мақомоти милитсия баён намоянд.
Милитсияи Бадахшон аз аз кулли шаҳрвандон хостааст, то нисбати ҳодисаву воқеаҳои ба вуҷуд омада ё амалу кирдорҳои номатлуб бетараф набошанд ва ҷиҳати пешгириву таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо кормандони милитсия дар ҳамкории зич бошанд, зеро танҳо дар ҳамбастагӣ метавон пеши роҳи ҳама гуна кирдорҳои ношоистаро дар ҷомеа гирифт.

