ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

НАМОИШИ ЗӮРИ БОЗУ? ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ ТАҚВИЯТИ МАРЗАШ 55 МОШИНИ ЗИРЕҲПӮШИ “ТИГР” ХАРИДААСТ (ВИДЕО+5 АКС)

Рӯзи 25 март дар ду майдони марказии шаҳри Бишкек: майдони қадима ва майдони Ала-Тоо бо иштирок раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) ва раиси КДАМ ин кишвар Қамчибек Тошиев маросими ба Хадамоти марзбонӣ ва вазорати ҳолатҳои фавқулодда супурдани техникаи ҳарбӣ ва махсус доир шуд.

Ба қӯшунҳои марзбонии Қирғизистон 55 мошини зиреҳпӯши тамғаи СБМ-233136 «Тигр», ки барои кашондани сарбозони пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин 50 мошини КАМАЗ дода шуд. Ин техникаи ҳарбӣ аз пули буҷа харидорӣ шудаанд.

Ҳамин тавр, вазорати ҳолатҳои фавқулодда бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ 58 мошини сӯхторнишонӣ дарёфт кард. Ин вазорат гуфт, аз соли 2008 ба ин тараф ин бори аввал аст, ки парки мошинҳояш ба чунин миқёси бузург нав карда мешавад.

Аммо бахши аъзами техникаи харидоришуда ҳарбӣ буда, барои тақвияти ҳимояти марзҳои Қирғизистон пешбинӣ шудаанд. Қамчибек Тошиев гуфт, аксари ин мошинҳо ба вилояти Бодканд фиристода хоҳанд шуд.  “Бахши асосии онро ба вилояти Бодканд мефиристем. Дар онҷо, тавре хабар доред, масъалаи сарҳад хатарнок аст,” – гуфт Тошиев.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ахиран Қирғизистон барои ҳимояти марзҳояш аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” ва аз Имороти Муттаҳидаи Араб 40 мошини зиреҳпӯш харид ва рӯзҳои наздик бо ҷалби ин техникаҳои нав, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, машқҳои ҳарбӣ доир хоҳад кард.

Президент  Содир Ҷабборов, ки худаш сари фармони яке аз мошинҳои зиреҳпӯш нишаста, онро аз майдонҳои марказии Бишкек ронд, қаблан гуфта буд, агар солҳои пеш Бишкек аз хориҷ асосан таҷҳизоти кӯҳнаро ба шакли кумаки бебозгашт мегирифт, аз ин ба баъд аз ҳисоби худ таҷҳизоти муосир хоҳад харид.

“Соли гузашта барои ин ҳадафҳо аз буҷет 7,5 миллиард сом ҷудо шуда буд. Имсол барои таҳкими ҳифзи сарҳад ҳудуди 3 миллиард сом ҷудо мекунем,” – гуфт Содир Жапаров. 7,5 миллиард сом ин баробари тақрибан 80 миллион доллар ва 3 миллиард сом баробари беш аз 30 миллион доллари амрикоист.

Тақвияти силоҳҳои қӯшунҳои марзбонии Қирғизистон дар пасманзари муноқишаҳои мусаллаҳонаи пайваста дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон сурат мегирад. Танҳо дар як соли охир дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марзи вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон дастикам 58 нафар ба ҳалокат расида, наздики 270 тани дигар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button