ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ЯК НАВРАС АЗ ИСТАРАВШАН ДАР НАТИҶАИ САДАМА ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои ин вазорат, шоми 23-юми марти соли 2022, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Розиқзода Имрон Яҳё, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷаи садама, ду мусофири ин мошин Султонов Бахтиёр Яҳёевич, соли таваллудаш 1994 ва ноболиғ Муродов Исфандиёр Аъзамович, соли таваллудаш 2005, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мутаассифона, ноболиғ Муродов Исфандиёр дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button