ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲУНАРМАНДИ МАЪРУФИ ТЕАТРУ СИНАМОИ ТОҶИК РАҶАБ ҲУСЕЙНОВ

Радиои Фарҳанг рӯзи 26 март аз даргузашти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов  дар синни 80 хабар дод. Дар бораи сабаби марги ҳунарманд чизе гуфта нашудааст. Устод Раҷаб Ҳусейнов тоза моҳи августи соли 2021 ба синни 80 расида буд.

Раҷаб Ҳусейнов (Ҳусейнов Раҷабалӣ Мамедович), ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, 15 августи 1941 дар шаҳри  Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1980 узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР буд ва соли 2000 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шуда буд.

Раҷаб Ҳусейнов соли 1964 Донишкадаи театриву ҳунари ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм намуда, то соли 1998, дар тӯли 34 сол  дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ нақш офарида, аз соли 1998  ҳунарпешаи Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский  буд. Дар қариб шаст спектакл, аз қабили «Гамлет», «Шаби гирифтани моҳ», «Рустам ва Сӯҳроб», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанон», «Маро тарк макун», «Сарбозони инқилоб», «Шаби охирини Суқрот» нақшҳои хотирмон бозидааст.

Вале ҳунари Раҷаб Ҳусейнов дар синамо бештар зуҳур кардааст ва ӯ дар «Тоҷикфилм», киностудияҳои Маскав, Ӯзбекистон, Минск, Афғонистон дар даҳҳо филм нақш офаридааст. «Қиссаи зиндони Павиак», «Чор дарвеш», «Ситораи Улуғбек», «Ҷумъаи ҳафтум», «Хӯҷаини об», «Робита», «Субҳи Ганг», «Тӯфон дар водӣ», «Ман — сарҳад», «Гаравгонон», «Сарҳади ором», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Себ аз ҷаннат», филми бисёрқисматаи телевизионии «Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин-Архар» намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки Раҷаб Ҳусейнов дар онҳо образҳои гуногун офаридааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Худованди Карим , Рахмати акаи Рачаб Хусейнов ки акамон буд , кабрашонро пурнур , рухашонро шод , кабрашонро чаннат бигардонад . Рахмати бе нихоят инсони хуб буданд . Алвидо акачон !

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button