ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ФАЙЗОБОД АЗ ЯК ХОНА АЗ ДОХИЛИ САНДУҚ 75 ҲАЗОР СОМОНИРО ДУЗДИДААНД

Сокини 19-солаи ноҳияи Файзобод ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 23 март пинҳонӣ ба хонаи як зани 41-солаи сокини ин ноҳия даромада, аз дохили сандуқ 75 ҳазор сомониро дуздидааст.

ххххххххххх

Сокини 42-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад,  тайи солҳои 2018, 2019 ва 2020 бо роҳи фиреб ба боварии се сокини Ваҳдат ва як сокини Восеъ даромада,аз онҳо 15 ҳазор доллар ва 382 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии 75 ҳазор сомонӣ

021.jpg

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми марти соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқ 75 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобиҳои марди 42-сола

016

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 21-уми августи соли 2020, марди 42-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои баландошёнаи навсохтмони кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ, 28-уми майи соли 2020, ба боварии марди 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, 133 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, номбурда 8-уми октябри соли 2018 ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ 127 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, моҳи августи соли 2019 ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, 122 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рўи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button